ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛЕ, КИ БО НУРИ РАҲМОН ФУРӮЗОН ШУД

ИСТИҚЛОЛЕ, КИ БО НУРИ РАҲМОН ФУРӮЗОН ШУД

12 сентябр 2023, Сешанбе
19
0
Бо таъмин гардидани сулҳу оромӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии бисёрсамтаро ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ, ки дар доираи сиёсати «дарҳои кушода» пеш гирифта, ҳудуд ва самтҳои ҳамкориро бо кишварҳои ҷаҳон вусъати бештар доданд.
 
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ба ҳайси шарики боэътимод, ки аз заминаи фарҳанги куҳанбунёди миллии мо – хислатҳои инсондӯстиву бародарӣ ва таҳаммулпазириву меҳмоннавозӣ сарчашма мегирад, мешиносанд.
Боиси ифтихор аст, ки айни замон ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти муосири башарият, яъне масоили вобаста ба норасоии об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар соири кишварҳои ҷаҳон мавриди татбиқ қарор дорад. Яъне, ин ибтикори навбатии кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ карда мешавад. Илова ба ин, дар самти ҳалли мушкилоти об, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари муҳими Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии пиряхҳо эълон намудани соли 2025 якдилона дастгирӣ ёфт.
Дар асоси қатъномаи қабулгардида, инчунин, пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба эълон намудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузарондани Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хос ва бағоят бузург доранд.
Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаб ва ноороми ҳарбиву сиёсие, ки имрӯзҳо минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз мо тақозо мешавад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри ин неъмати муқаддастарину пурарзиштарини тақдирсози худ – истиқлоли давлатӣ расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем ва ҳар як каф хоки Ватани азизамонро соҳибӣ ва ҳифз намоем.
Гарчанде раванди эҳё, барқарорсозӣ ва ободонии даврони соҳибистиқлолии мо дар назди таърих муддати хеле кӯтоҳ аст, вале Тоҷикистони азиз ва халқи шарифи он дар ин марҳала роҳи басо мураккаб ва ҳассосеро сипарӣ намуда, оташи буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодиро паси сар карда, ҳоло ҳамчун як кишвари орому босубот ва ободу шукуфон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Вақте ки аз таърихи гузаштаву имрӯза ва дастовардҳои бунёдии Ватани маҳбубамон дар ин марҳала сухан меравад, бешубҳа, симои нури роҳнамо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, зеро маҳз бо тадбирҳо ва талошҳои пайгирона, созандаву бунёдкоронаи ин марди асили миллат давлатдории навини миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хоссаи хеш гардиданд.
Дар пайравӣ ба кору пайкори ин марди накуноми миллат вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини бонангу номуси мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон, аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд, барои ободиву пешрафти он самимонаву содиқона заҳмат кашанд ва онро чун гавҳараки чашм барои фарзандону наберагон ва умуман, наслҳои ояндаи ин миллати куҳанбунёд ҳифз намоянд.
 
Дилшод ДАВЛАТЗОДА,  
унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив