ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУОИ МОДАР

ДУОИ МОДАР

13 сентябр 2023, Чоршанбе
99
0
 
Сафо аз рӯзе, ки худро мешинохтагӣ шуд, насиҳати калонсолонро мешунид: «Фарзанд, ки бузург шуд, бояд хидмати падару модарро аз сидқи дил бикунад ва дуояшонро бигирад. Дуои онҳо роҳи фарзандро сафеду бехатар гардонда, бахташро мекушояд. Бахусус, дуои модар мустаҷоб мешавад».
Сафои аз падару модар ятиммонда ба моҳияти ин баъди ба балоғат расидан сарфаҳм рафт. Марде, ки ӯро аз хонаи ятимон писархонд карда, ба воя расонд, кӯшиш мекард, то Сафо ятимии хешро эҳсос накунад. Фарзанд ёбам гуфта, чанд бор хонадор шуд, вале дар насибаш набудааст. Ягон ҳамсар ба Сафо модарӣ карда натавонист.
Кампири ҳамсоя ба Сафо гуфт: «Туро аз хонаи ятимон нагирифтаанд. Модарат зинда, дар деҳаи Кафтархонаи Восеъ зиндагӣ дорад, рафта суроғаш бикун». Ӯ суроғ карда, он занро дар деҳа ёфт. Ба умед буд, ки зан «Писарҷонам!» гуфта, ӯро ба оғӯш кашида мебӯсад, навозиш мекунад. Ӯ модарашро барои боре дар зарфи сӣ сол  ҷӯё нашуданаш мебахшаду ҳамроҳаш гирифта мебарад, момаи фарзандонаш мешавад. Нигоҳубин мекунад то охирин нафасаш, хору зор шудан намемонад. Вале зан «ман модарат нестам, ягон фарзанд надорам» гуфта ноумедаш кард.
– Пас, барои чи дар шаҳодатномаам ному насаби шуморо модар гуфта навиштаанд? – нобоварона пурсид Сафо. – Ман насаби шуморо дорам. 
– Тифли бе модар будӣ. Мегуфтанд, ки модаратон сари фарзанд рафтааст. Ман соле туро доягӣ карда будам. Сафо бо ҳасрат меандешад: «Хушбахттарин инсон ҳамонест, ки модар дорад!». 
Ин гуна андешаҳо як умр азияташ медиҳанд. Модараш кӣ буду чи симое дошт, Худо медонад!  Чаро ӯро аз дидору дуояш бенасиб монда рафт? Гирифтани дуои модар насибам намешавад - чӣ? – аз дил мегузаронд, ӯ.
Як падидаи ниҳоят ҷолибу таъсирбахшро ду сол пеш аз «оинаи нилгун» тамошо карда, боз ёди модар рафт. Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд парда аз рӯи пайкарае бардоштанд. Он «Дуои Модар!» ном дошт. Фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, сулҳовари халқи тоҷик чанд лаҳза сукут варзид, дар чашмонаш беихтиёр ашк ҳалқа зад. Онро, барҳақ, муҷассами беназири модари миллат гуфтан меарзад.
– Фарзандаш Пешвои миллат эътироф шуд. Пас модари ӯро Модари миллат гӯем меарзад, – андешид Сафо. – Мо бошем, фарзандони ӯ ҳастем.
Сафо аз ин андеша шодона беовоз гирист. Модари миллате, ки имрӯз соҳибистиқлолу соҳибдавлат аст ва роҳнамояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 
Пас аз ин, ҳисси ятимӣ дар руҳи Сафо кам гашт. Ӯ имрӯз ва дигар рӯзҳо дасти дуои модарро пеши назар оварда, болидаруҳу бардам дар ҷумлаи миллионҳо фарзандони миллат кору меҳнат мекунад ва дар ободонию шукуфоии Тоҷикистон саҳм мегузорад. 
 
Эмоми НАЗАРИЁН,  рӯзноманигор
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив