ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОМАҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ 

НОМАҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ 

17 феврал 2023, Ҷумъа
35
0
Дар робита ба амал омадани офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!
Ҳамдардии амиқи маро дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул фармоед.
Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ ҳалокшуда расонед. Ба зарардидагони ин офати табиӣ шифои комилу саривақтиро хоҳонам».
 
Дар робита ба амал омадани офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!
Хабари ба ҳалокат расидани сокинони осоишта бар асари фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андуҳи амиқи ман ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.
Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бар асари сар задани офати табиӣ рӯзи 15 феврали соли 2023 зарар дида, пайвандонашонро аз даст додаанд, ҳамдардӣ мерасонам.
Хоҳишмандам ҳамдардии ман ва мардуми қирғизро ба пайвандони осебдидагон расонед».
 
Санаи нашр: 17.02.2023 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив