ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД ИБРОҲИМ РАИСӢ

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД ИБРОҲИМ РАИСӢ

20 сентябр 2023, Чоршанбе
21
0

 
19-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳангоми вохӯрӣ таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбарони ду давлат аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноат намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду кишвар, афзоиши парвози тайёраҳо байни давлатҳо ва сода гардондани рафтуомади мардумони ду мамлакатро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030 ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос дорад.  
Роҳбарони ду давлат ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории исломӣ, баррасӣ карданд.  
Мусоҳибон оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистону Эрон ҳамчун ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив