ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ Ё САЙРИ ТАЪРИХӢ БА ТАХТИ САНГИН

МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ Ё САЙРИ ТАЪРИХӢ БА ТАХТИ САНГИН

22 сентябр 2023, Ҷумъа
22
0


Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Хатлон диёри сафобахшу нотакрори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Мавзее мебошад, ки бо навои фалаку шиҳаи аспони хатлӣ ва гурдони таҳамтанаш асрҳост, ки вирди забони сайёҳону кишваршиносону таърихнигорон гаштааст. Дар қатори дигар ёдгориҳои беназири Хатлони бостонӣ ёдгории нодиру бебаҳои таърихӣ Тахти Сангин мебошад. Тахти Сангин барҳақ нишонаи беназир, тимсоли қаҳрамонии тоҷикон буду ҳаст. Ҳамчунин,  он на танҳо муъҷизаи табиати Тоҷикистон, балки рамзи таърихи пурғановати сарзамини тоҷикон буда, мазор, теппаю вайронаҳои он ки то имрӯз  боқӣ мондаанд, асрори рангинеро то ҳол дар қалби худ нигоҳ доштааст. Ин ёдгорӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар шафати кӯҳи Тешиктош дар нуқтаи ҳамроҳшавии  шӯхоби дарёҳои Панҷу Вахш ҷойгир мебошад. Ошноӣ бо ин гӯшаи таърихӣ бароям аҷаб хушу гуворо буд. Тамошои манзараҳои атроф ва хониши мурғон бо садои шилдироси рӯди Вахш якҷо гашта, мусиқии дилангез тавлид мекунанд. Дар ин гӯшаи  нотакрор, ки табиат зебоиву пурғановат  ва тамоми рангҳоро  ҳадия  намудааст, хаёле ба гӯшам садои волои  қарнҳо мерасад. Ноаён худамро дар асрҳои  гузашта, дар майдони  корзори ниёгон мебинам. Вале ин дам манзараҳои нодири теппаҳои атроф ва ҳафриёту хонаҳои ба ёдгор монда мисли тилисм диққатамро ба худ мекашанд. Ҳанӯз дар соли 1877 нигораву ҷавоҳирот, тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагину  онро тоҷирони хориҷӣ харидорӣ намудаанд ва ин намунаҳои нодири таърихӣ то ҳол дар Осорхонаи миллии Британия, дар шаҳри Лондон маҳфуз мебошанд. Маҳз дар айёми соҳибистиқлолӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз нав эҳё намудни ин ёдгорӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Соли 2007 Пешвои муаззами миллат зимни боздид аз ин макон дастуру ҳидоятҳо барои  омӯзишу пажӯҳишаш доданд. Соли 2013 аз Осорхонаи Лондон як силсила ёдгориҳо, мисли ҳайкалчаи нуқрагин, диски тиллоӣ барои либос, табақи тиллоӣ ва ғайра чун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон интиқол гардидааст, ки то ҳол нигоҳдорӣ мешаванд. 
 Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб буда, таҷассумгари фарҳанги қадимӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри таърихӣ бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Тахти Сангин мавзеи таърихиест, ки шаҳр ном гирифтааст. Аз маъхазҳои таърихӣ ва осори олимону кашфиётҳои илмӣ бармеояд, ки  ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон равшан гардидааст, ки тамоми  девору роҳравҳо ва сутунҳои он аз сангҳо бино шудаанд, аз ин рӯ, онро Тахти Сангин номидаанд. Дар Тахти Сангин маснуоти оҷӣ (устухони фил) хеле зиёд ёфт шудаанд, зеро маҳз ба василаи ҳамин роҳу корвонҳо аз Ҳиндустону Африқо ба ин минтақа устухони фил оварда мешудааст.
Тахти Сангинро дар ҷойи муносиб бунёд кардаанд. Аз самти ғарб бо кӯҳҳои баланд ва аз самти шарқ бо рӯди бузург ҳимоя мешуд. Яъне, душман наметавонист ба осонӣ вориди шаҳр гардад. Аз ҷануб ва шимол бошад, меъморони даврон ду қатор деворҳои ғафсу устувор сохта будаанд.
Он дорои ду дарвоза: даромаду баромад будааст. Дар паҳлу ва қад-қади деворҳо бошишгоҳҳои сарбозон ва муҳофизон, дар самти шимол ва дар ҷануб корвонсаройҳо ва ҷойи истиқоматии ҳунармандону косибон қарор доштааст. Тарҳи иморатҳо аз завқи баланди меъморон гувоҳӣ медиҳад. Дар дохили шаҳристон қалъаи бузурге қомат афрохта, ки дарозиаш 237 метр ва бараш 165 метр будааст. Диж бо деворҳои сангин иҳота шудаааст, ки онҳо то ду метр ғафсӣ доштаанд. Ҳангоми омӯзиши осори таърихӣ, бахусус тазкираҳо, таърихи пурғановати Тахти Сангин ба ҷилва меояд. Хеле аҷиб аст, ки худи ноҳияи Қубодиён таърихи куҳан дошта, мардуми он аз сулолаи Каёниён ва шоҳашон Кайқубод будааст. Дар  "Ғиёс-ул-луғот" омадааст: "Кайқубод-маънии лафзии он одил ва барҳақ аст." Дар  Энсиклопедияи советии тоҷик  омадааст, ки “Тахти Қубод димнаи антиқист,дар райони Қубодиёни вилояти  Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон - М.С.) дар соҳили рости дарёи Ому  ва тахти Қубод дар  сарчашмаҳои таърихӣ чун Тахти Сангин ёд мешавад”.
То ҳанӯз дар бораи  таърихи пайдоиши Тахти Қубод нақлу ривоятҳои  бисёре боқӣ мондаанд. Гуё дар  аҳди  қадим шоҳ Қубод духтари зебое доштааст, вале  дар ҷавонӣ  вай мубталои беморие мегардад. Баҳри  табобати духтари шоҳ табибони машҳур ҳам оҷиз мемонанд. Ин ҳолатро яке аз  олимону мунаҷҷимони дарбор,ки ба муолиҷа низ таваҷҷуҳ дошт, дида, тавсия медиҳад,ки барои саломатии духтари шоҳро барқарор кардан танҳо мавзеи хушбоду ҳавое зарур аст. Бо ҳидояти  сайёҳону табибон ана ҳамин мавзеи ҳозираи Тахти Сангин, ки дорои  иқлими биҳиштӣ ва олами бойи наботот будааст, интихоб мегардад. Сипас, шоҳ Қубод ба ин макони афсонавӣ омада, аз тамошои манзараҳои нотакрори он  ҳаловат мебарад. Дар канори дарёи Вахш қасру иморатҳои  пуршукӯҳ  бунёд карда, шаҳри ободу зебое барпо месозад, ки ба духтараш низ писанд меафтад. Духтари шоҳ сиҳат шуда, боқии умрашро бо шодмонӣ дар ин макони биҳиштосо мегузаронад.
Тайи солҳои зиёде дар ин макон ҳафриёту ковишҳои бисёре гузарондаанд. Дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар Тахти Сангин бостоншиноси машҳур М. М. Дияконов, сипас, Манделштам таҳқиқоти муҳим гузаронда, саҳифаҳои нав кушодаанд. Баъдтар, солҳои 80-уми асри гузашта ин иқдомро академик Литвинский ва профессор Пичикян  идома дода, ҳафриёт гузаронда, исбот карданд, ки ин ёдгорӣ мансуби даврони Ҳахоманишиниён ва замони салтанати Юнону Бохтар мебошад. Бо ибтикороти Сарвари давлат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар ҷаласаи 41-уми ЮНЕСКО онро ба феҳрист дохил карданд ва барои таҷлили 2500 – солагии Тахти Сангин дар соли 2023 қарор қабул гардид. 

Маҷид САЛИМ, адиб

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив