ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАНҒАРА. НУФУЗИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ  ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

ДАНҒАРА. НУФУЗИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ  ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

26 сентябр 2023, Сешанбе
45
0

 
Солимии шаҳрвандони кишвар ҳамчун бойигарии асосии мамлакат дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади хубтару беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳар сол ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ зиёд шуда, беморхонаҳои нави замонавӣ бунёд меёбанд, ки онҳо бо ҷадидтарин воситаҳои техникӣ таъминанд. Ин аст, ки ҳоло дар муассисаҳои тиббии мамлакат ҳамаи намудҳои ҷарроҳиҳои пластикӣ ва микроҷарроҳӣ гузаронда мешаванд.  Ҳамаи ин самараи соҳибистиқлолист.
Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Данғара Баҳром Амонзода дар суҳбат бо хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» чунин иброз дошт: "Имсол зимни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳия барои сохтмони беморхонаи нави замонавии 5-ошёна санги асос гузошта шуд. Беморхонаи феълӣ дорои 4 бинои асосӣ буда, дар он 18 шуъбаи табобатӣ, 10 ҳуҷраи функсионалӣ, 3 шуъбаи ёрирасон, 5 беморхонаи минтақавӣ дорои 382 кати бистарикунонӣ буда, 821 табиб дар хизмат қарор дорад. Инчунин, дар беморхона шуъбаҳои ҷарроҳии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, таваллуд, урологӣ, осебшиносӣ, раддодӣ, гӯшу гулу, бинӣ, дандонпизишкӣ, ёрии таъҷилӣ, бемориҳои занона, таваллудӣ, бемориҳои дил, ташхиси нурӣ, шикастабандӣ ва тавонбахшӣ ҳамеша дар хизмати беморон ҳастанд.  Дар 8 моҳи соли гузашта дар беморхона зиёда аз 4 ҳазору 723 бемор бистарӣ шуда, 1 ҳазору 953 кӯдак таваллуд шудааст. Маблағи пардохти беморони бистаришуда дар ин муддат 1 миллиону 373 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад.  Ҳамзамон, 39 бемор ба маблағи 1 ҳазору 890 сомонӣ ройгон табобат гирифтааст. 
Аз ҷумла, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба 256 шахси гирифтори садамаҳои нақлиётӣ ва ба 666 нафари аз ҳайвонҳо осебдида табобатҳои фаврӣ расонда шуд. Табибон бо муомилаи хушу дониши мукаммалашон ҳар рӯз ба дарди даҳҳо нафар беморон даво мебахшанд. Дар даврони истиқлолият баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ба табибон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои кориашон бо таҷҳизоти нави муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Ин ба табибон барои азназаргузаронӣ, муоина ва ташхиси аниқи беморӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Ҳуҷраҳои кории онҳо бо компютер ва ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.".  
Хушбахтона, дар беморхонаи марказии ноҳия дар 8 моҳи соли сипаришуда, пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Чунончи дар ин давра таъмири берунии биноҳои беморхона, шишабандӣ, ивази дару тирезаҳо ба анҷом расонда шуд. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи зимистон ҳам сатҳи баланди хизматрасонӣ ба беморон ба роҳ монда шавад. Боиси хушнудист, ки сол ба сол кадрҳои таҷрибаноку баландихтисос дар муассиса меафзояд ва, ба ин восита, фаъолияти беморхона дар рушди соҳа таъсири назаррас гузошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба маротиб боло меравад. 30 – юми август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ, натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурданд, ки дар байни онҳо сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Данғара Баҳром Амонзода бо мукофоти давлатии медали «Шафқат» сарфароз гардонда шуд. 

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив