ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АДАБИЁТ.  ЗАРИФ ҒУЛОМ - НАВИСАНДАИ АСАРҲОИ МОҶАРОӢ 

АДАБИЁТ.  ЗАРИФ ҒУЛОМ - НАВИСАНДАИ АСАРҲОИ МОҶАРОӢ 

27 сентябр 2023, Чоршанбе
63
0


Жанри детектив ё моҷароӣ, гарчи дар доираю муҳити эҷодии насрнависони тоҷик чандон маъмул ва паҳнгашта нест, бо вуҷуди ин, дар давраи мустақилияти Тоҷикистон як зумра иштиёқмандони он асарҳои ҷолиб ва ҷавобгӯи мароқи хонандагон офарида истодаанд. Муаллифони чунин асарҳои адабӣ бештар кормандони ботаҷрибаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва ё собиқадорони хизмат дар ин соҳа мебошанд ва ин фаҳмост, чунки бе донишу малакаи кор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва шиносоӣ бо  назокати тафтишоту кори фаврии ҷустуҷӯӣ, дар ин жанр чизи ҷолиби диққат офаридан хеле мушкил аст. 
Бинобар ин, пеш аз ҳама, барои навиштани асари адабии моҷароӣ ғайр аз лаёқату малакаи насрнависӣ, сатҳи зарурии маълумоти ҳуқуқӣ доштан муҳим аст. Дуюм, аз чунин фанҳои ҳуқуқӣ ба монанди: ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика, криминология, фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ дониши чуқури ихтисосӣ доштан зарур аст. Сеюм, ғайр аз донишҳои илмию назарии соҳа ва фанҳои номбурда, шахс бояд аз таҷрибаи амалии кор дар мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, корҳои тафтишотӣ, фаъолияти фаврии ҷустуҷӯӣ бархӯрдор бошад. Бо чунин захираи донишҳо иқдоми асари моҷароии адабӣ эъҷод кардан босамара анҷом ёфта метавонад.
Аз оғози солҳои 2000-ум силсилаи асарҳои Зариф Ғулом дар мавзуъҳои гуногун, хусусан моҷароӣ чоп гардида, тавассути онҳо худро ба хонандагон муаррифӣ кард.
Нашри романи ӯ «Бори каҷ – дар роҳи каҷ», ки соли 2011 нашр гардид, дар эъҷоди асари адабии моҷароӣ таконе буд. Мавзуи бо роҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор кардани ҷиноятҳои вазнин ва муайян кардани шахси ҷинояткор, дастгир кардан ва пешниҳоди гуноҳ бо далелҳои шайъӣ ва ба суд пешниҳод кардани маводи кори ҷиноятиро тарзе тасвир кардааст, ки шавқу завқи хонандаро бедор мекунад. Қаҳрамонони мусбати роман ба тарзи зинда тасвир шудаанд, ки хеле ҷозибанок ва аҷоиб буда, хотирмон аст. Хусусияти асар дар он аст, ки дар образи ҷинояткорон на шахсони одӣ, балки ходимони масъули давлатӣ мебошанд, ки ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо дар муҳити воқеӣ хеле масъулияти калон мебошад. Сарфи назар аз ин, бо риояи қоидаҳои расмиёти мурофиавӣ ошкор кардани ҷиноят, муайян кардани ҷинояткор ва пешниҳоди гуноҳ ба ҷасурӣ, кордонӣ ва ихтисосмандии муфаттиш ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робита дорад, ки дар асар хеле асоснок ва равшан тасвир карда шудааст.
Асари дигари Зариф Ғулом романи моҷароии ӯ «Табаддулот» мебошад, ки соли 2018 аз чоп баромад ва дар он, асосан, таҷрибаи корӣ ва тарзи ошкор кардани ҷиноятҳои барои ҷомеа хавфноки сардори раёсати тафтишотии корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ Солеҳҷон Ҷӯраев бо обуранги адабӣ ва ҷозибанок тасвир ёфтааст. Дар китоб таҷрибаи ҳамкории байни мақомоти тафтишотии прокуратураҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, мақомоти фаврӣ-ҷустуҷӯии ҳар ду кишвар оид ба тафтиши ҷиноятҳои сатҳи байналмилалӣ дар мисоли кори ҷиноятии мушаххас нишон дода шудааст. 
Яке аз хусусиятҳои асарҳои моҷароии Зариф Ғулом қиссаю ҳикояҳо ва асарҳои калонҳаҷми ӯ бештар дар бораи таҷрибаи тафтишотии шахсони воқеӣ, ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Муаллиф аксари қаҳрамонони асарҳои худро хуб мешиносад ва бо онҳо робитаҳои корӣ доштааст. 
Дар китоби «Шоҳиди асосӣ» (соли 2018) Зариф Ғулом як силсила ҳикоя ва қиссаҳое, ки бештар хислати хотиравию моҷароӣ доранд, ҷамъ оварда шудаанд. Дар он оид ба жанри моҷароӣ рӯ овардани худ, шиносоӣ бо нависандаи машҳури муосир Темур Зулфиқоров ва хотираи ӯ дар бораи нависандаи машҳури моҷароии давраи шӯравӣ Лев Шейнин, ки Зариф Ғулом ба ӯ пайравӣ дорад ва китоби ӯ «Қайдҳои муфаттиш»-ро намунаи жанри адабии моҷароӣ медонад, нақл карда шудааст. Ҳикояҳои «Бедарак», «Капитани зебо», «Судяи ҷавон», «Котиби Ҷамоат», «Чалаи гадо», «Шоҳиди асосӣ», «Хатои судӣ», «Ҳунарманди қаллоб» ва ғайраҳо аз таҷрибаи кори муфаттишон ва ходимони Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳодисаҳою воқеаҳои моҷароии шавқангезро дар бар гирифтаанд. 
Соли 2020 китоби Зариф Ғулом «Ҳақиқати талх» (маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои моҷароӣ) аз чоп баромад, ки он ҳам аз таҷрибаи кори ходимони фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳодисаҳоро ба тарзи адабӣ дар бар гирифтааст. Ҳамин китобро ӯ соли 2022 бо қиссаю ҳикояҳои нав пурра гардонда, аз нав ба чоп расонд. Дар нашри нави китоб ҳодисаҳои хислати ахлоқию тарбиявидошта бо қиссаҳои моҷароии нав пурра карда шудааст. Ҳамчунин, дар китоб қиссаҳои ишқи беғашу холиси марду зан, мубориза бо ҷинояткорӣ ва тантанаи адолат ва ҳодисаҳои гуногуни ахлоқӣ хеле бо маҳорат тасвир карда шудаанд, ки  хонандаро ба мулоҳиза намудан водор месозад.
Тавре ки аз маҷмуи қиссаву ҳикояҳои Зариф Ғулом дида мешавад, шуғли эҷодии ӯ на фақат ҳодисаҳои моҷароӣ, балки офаридани асарҳои бадеӣ дар мавзуъҳои гуногуни иҷтимоию ахлоқӣ оид ба меҳру шафқат ва вафодорӣ, ишқу муҳаббат низ, мебошанд. Китоби маҷмуаи қиссаҳои ӯ «Ҷодугар» (соли 2016) аз ҳамин қабил  аст. 
Дар охир зикр кардан мебояд, ки нависандаи сермаҳсул Зариф Ғулом таҷрибаи эҷоди асарҳои моҷароиро дар ҳеҷ куҷо махсус наомӯхтааст. Ҳамаи асарҳои сершумори ӯ маҳсули заҳмат ва зеҳну майлу рағбаташ мебошанд. 
Ашӯрбой ИМОМОВ, 
устоди факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, 
сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, профессор, Ҳуқуқшиноси 
шоистаи ҷумҳурӣ

Санаи нашр: 27.09.2023 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив