ҲХДТ. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ БОНУФУЗ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НБО "РОҒУН"
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як гурӯҳ фаъолони ҳизб аз тамоми муассисаву идораҳои ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” сафар карда, бо ҷараёни корҳо дар ин иншооти азими гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд.
Зимни сафар Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, иброз дошт, ки масъулияти сарпарастии маънавии НБО “Роғун”-ро ҲХДТ ба зимма дорад. Масъалаи мазкур дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дошта, барои амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Тайи солҳои охир ҳизб фаъолияти густурдаеро амалӣ намуд, ки ҳадафи аслии он, пеш аз ҳама, тарғиби НБО “Роғун” ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми кишварҳои минтақа ва баланд бардоштани руҳияи кормандони ин коргоҳи бузург мебошад.
– Давоми моҳҳои охир сохторҳои ҲХДТ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки шаҳрвандонро бо мақсади ба шуғл фаро гирифтан ба иншоот сафарбар намоянд. То имрӯз тибқи роҳхати ҳизбӣ, бештар аз 300 ҷавон аз шаҳри Душанбе, ки мутахассиси соҳаҳои гуногуни сохтмон мебошад, дар иншоот бо кор таъмин шуд, – гуфт Абдураҳим Шоҳиён.
Сайдулло Абдулаҳадзода, сардори раёсати кадрҳои ҶСК НБО “Роғун”, зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки айни ҳол дар Неругоҳ бештар аз 15 ҳазор нафар фаъолият дорад.
– Ташрифи кормандони соҳаҳои гуногун ба НБО “Роғун”, бахусус ҳузури кормандони соҳаи фарҳанг, ба коргарон руҳу илҳоми тоза мебахшад, – гуфт ӯ.
Муовини директор оид ба масъалаҳои истеҳсолӣ дар НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов ҳайати меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон – шуруъ аз сарбанди ин «Кохи нур», шинос намуд. Зикр гардид, ки 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш иваз шуда, ба бунёди ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшиданд. Имрӯзҳо корҳо дар иншоот бомаром идома дошта, сохтмончиён бо масъулияти баланд шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Дар идомаи сафар ҳайати гурӯҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо, толори агрегатҳо ва корҳои васлу насби онҳову дигар мавзеъҳо шинос шуданд.
– Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки корҳо бо сифати баланд иҷро шаванд. Дар Неругоҳ назорати корҳои сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сохтмон аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ анҷом меёбанд, – афзуд Нуриддин Файзалиев, муовини сардори раёсати назорати техникӣ.
Шароити кориро дар Неругоҳ коргар Аловуддин Тағоев хуб арзёбӣ намуд. "Маошро сари вақт медиҳанд. Танҳо сидқан кор кардан лозим", – илова кард ӯ.
Пас аз шиносоӣ бо мавзеъҳои асосии НБО «Роғун», бо иштироки доираи васеи кормандону сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср ва ҳайати меҳмонон, ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.
Шодмон АБДУРАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193