ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
![]()
Шоми 23-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати 35-умин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби Ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем.
Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.
Таҳиягарони барнома бо иҷрои суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилнишин тавонистанд тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани мардум, ба як кишвари воҳид мубаддал кардани Тоҷикистон ва пешниҳодҳои чаҳонии Роҳбари давлат оид ба ҳалли масоили мубрами сайёраро бо тарҳу намои зебо пешкаши меҳмонон намоянд.
Ҳунармандон бо истифода аз эҷодиёти шоирони шинохта ва оҳангсозони маъруф дар васфи Ватан, истиқлолу ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ сурудҳо иҷро карда, ба фазои идона шукӯҳу азамат зам намуданд.
