«МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ» РАВЗАНАЕ БА ДАВРОНИ СОЗАНДАГӢ

21 сентябр 2026, Душанбе
0



Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” маҷмуаи публитсистии «Масири Истиқлол» ба нашр расид.
Бино ба маълумоти сармуҳаррири рӯзнома Носирҷон Маъмурзода, китоб аз 35 мақолаи хонданӣ иборат буда, маводи он аз миёни мақолаҳои дар панҷ соли охир дар саҳифаҳои рӯзномаи «Хатлон» батабърасида гулчин шудааст. Интихоби 35 мақола ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро мегирад.
Дар саҳифаҳои маҷмуа аҳамияти таърихии истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва кишоварзӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, дар мақолаҳо раванди ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар тағйироти муҳими солҳои соҳибистиқлолӣ бо услуби публитсистӣ бозтоб ёфтааст.
Муаллифон бо такя ба далелу рақамҳо, мушоҳидаҳои рӯзноманигорӣ, таҳлилу андеша ва тасвири воқеияти иҷтимоӣ кӯшиш намудаанд, ки симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои даврони истиқлолро барои хонанда ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
«Масири Истиқлол» барои рӯзнома-нигорон, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, кормандони соҳаҳои гуногун ва доираи васеи хонандагоне, ки ба таърихи навини Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 21.09.2026 №: 183