"ҶУМҲУРИЯТ". ҶАВОНОН ВА БОЗТОБИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

21 сентябр 2026, Душанбе
0


9-уми сентябри соли 2026. Он рӯз, ғайримаъмул соати дуи шаб аз хоб бедор шудам. Эҳсоси шодӣ дар дил ғулғула мекард. Идона пӯшидам, ба берун баромадам, дар дили шаб кӯчаҳои шаҳр пуродам буд. Гулгашту хиёбонҳо тозаву озода, мардум бо либосҳои шинаму зебо дар ҳаракат.


Ҷавонони ватандӯсту бовиқор бо аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парчами давлативу шиору овезаҳои “Тоҷикистон, ба пеш!”, “Мо бо Шумо ифтихор дорем, Пешвои миллат!”, “Истиқлолият муборак!”, “35-солагии Истиқлолият муборак!” ба ҷашнгоҳ мерафтанд. Ман ҳам мошинро як сӯ нигоҳ дошта, аз бағоҷ ду парчамро баровардаму ба ду дари қафои мошин насб карда, роҳ пеш гирифтам сӯйи майдони "Истиқлол".
Ба ҷамъи роҳпаймоҳо, ки шумораашон ба 120 ҳазор нафар мерасид, пайвастам. Мо – намояндагони касбу кори гуногун, бояд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар роҳпаймоии осоишта иштирок менамудем.
Бо наздик шудани субҳ, майдон оҳиста-оҳиста пур мешуд, автоплатформаҳо, ки бо шиору овезаҳо дар байни қаторҳо гузошта мешуданд, диққати маро ба худ ҷалб карданд. “Роҳро холӣ кунед”, – садои баландгӯяк шунида мешуд. Гирду атрофи онро нақшу нигори тоҷикона оро дода буд, дар гӯшае аз он Парчаму Нишони давлатӣ, дар пеш акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Якбора ҳама ба аксбардорию наворгирӣ сар карданд.
Автоплатформаи дигаре наздик мешуд, бо ҷилои рангҳои зарҳалин. Наздиктар омад ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдон қомат афрохт, балки шоҳ ба табрики мо омад. Аз тарафи рости муҷассама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи чап китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров нишоне аз соҳибкитобу соҳибфарҳангии мо буд.
Гурӯҳи 11-нафараи мо пурра гашт, ҳама ба ин тарафу он тараф ҳаракат мекарданд, акс мегирифтанд, гулгаштҳои майдони Истиқлолро сайр мекарданд. Офтоб ҳам аз хонааш берун омад, атрофро нурборону чеҳраҳоро мунаввар кард. Вақти роҳпаймоӣ наздик мешуд. Одамон бо шиору овезаву парчамҳои хурду бузург дар сафҳо рост мешуданд. Ҳамаро оромӣ фаро гирифт. Садои баландгӯяк ба гӯш расид: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон... ва Суруди миллӣ дар майдон танин андохт.
Нахуст, Сарвари давлат ҳозиринро ба ифтихори Ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне, миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд, давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид...
Пас аз суханронӣ, ҳаракат оғоз шуд. Бо пеш рафтан қомати мо росттар, шиору овезаҳо баландтар мешуданд. Ба минбари ифтихорӣ наздик мешудем, Пешвои миллат сӯйи мо даст афшонданд. Дар ин лаҳза эҳсосе моро фаро гирифт, ки қалам дар тасвираш оҷиз аст...
Шукр мекардам, ки як ҷавони сарфарози ин Ватанам ва, хушбахтона, иштирок дар иди бошукӯҳи он насибам гашта. Ба худ меандешам, 35 соли соҳибистиқлолӣ саҳифаи муҳими таърихи давлатдории навини Тоҷикистон аст. Ин сана моро водор месозад, ки ба роҳи тайкарда назар андозем, дастовардҳоро қадр кунем ва барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи кишвар саҳми худро гузорем. Ин Ҷашн бори дигар эҳсоси ягонагӣ, муҳаббат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандиро дар дили ҳар як сокини Тоҷикистон таҳким бахшид.


Муҳаммадамин ОДИНАЕВ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.09.2026 №: 183