"ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". БЕШ АЗ 200 ДОВТАЛАБ БА ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲХАТ ГИРИФТ
Аз аввали моҳи май то 10-уми сентябр дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 687 довталаб ва аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 1200 довталаб иштирок намуданд. Аз ин шумора, беш аз 200 нафар барои иштирок дар даври ниҳоии Озмун роҳхат гирифт.
Ба иттилои Китобхонаи миллӣ, даври якуми Озмун то охири моҳи сентябр идома меёбад. Даври ҷамъбастӣ моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст.
Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор мегардад.
Таъкид бояд кард, ки талабот донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ мебошад.
Тибқи низомнома, ҷойи якум ба иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90 фоизи осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолаа ва аз худ кардааст.
Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ. Барои ҷойи якум 20 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 15 000 ва ҷойи сеюм 7 500 сомонӣ муайян гардидааст.
Ба ғолибони даври ниҳоӣ имкон дода мешавад, ки баъди хатми зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бе супурдани имтиҳон барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд. Инчунин, онҳо бо корти узви ифтихории Китобхонаи миллӣ, ки ҳуқуқи бемаҳдуди истифода аз шуъбаю бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро доранд, қадр мегарданд.
З.РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
