ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮДАКИРО БАР САРИ ОН ШОИРОН ЗЕБАД САРӢ...

РӮДАКИРО БАР САРИ ОН ШОИРОН ЗЕБАД САРӢ...

29 сентябр 2023, Ҷумъа
226
0


Аҳли фарҳанг, шоирону нависандагон, донишҷӯёну устодони факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, муаллимони забон ва адабиёт, мухлисони каломи бадеъ дар назди муҷассамаи Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъ омада, 1165-солагии ӯро ҷашн гирифтанд.

Маҳфилро сардабири рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник" Фармон Тошев ифтитоҳ бахшида, сипас профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев суханронӣ кард.
–  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пурмаҳсултарин эҷодкори даврони худ будааст. Сарчашмаҳои таърихӣ миқдори ашъорашро то  як  миллиону 300 ҳазор мисраъ дониста, маҳсули адабии ӯро сад ҷилд нишон додаанд. Шоири маъруфу машҳур Рашидии Самарқандӣ (асри XII) миқдори осори Рӯдакиро чунин  тасвир мекунад:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ, 
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор, 
Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
Инчунин, сардабири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодури Раҳмон, раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд Акбар Маҳмудов, шоира Дилшодаи Фарҳодзод доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияту эҷоди Одамушшуаро ҳарф заданд.
Ҳофизи номдори водии Зарафшон Асадулло Атоуллоев ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Мардони Мавлон аз осори Рӯдакӣ сурудҳо хонда, табъи ҳозиронро болида сохтанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, шаҳри Самарқанд

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив