ҚОНУНИ ВАТАНПАРАСТӢ: АЗ ҒУРБАТ ТО МУҲАББАТ
(Дар поварақи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон».)
Чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тадвин шуд, ки дарунмояи он аз сиёсати давлатдорӣ ва миллатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Он ба замони имрӯз ниҳоят созгор буда, хостҳои давлатсозии тоҷиконро бароварда месозад. Тоҷикон, ки ба бохтҳои беш аз ҳазорсолаи худ бо чашми таҳлил менигаранд ва дар пайи бознигарии андешаҳо ва бунёди Меҳани азизашон мебошанд, ниёз ба чунин як ҳуҷҷати раҳнамунсоз доранд. Ин аст, ки таронаҳои маҳаллии тоҷикон ба таври фаровон дар мавзуи ғарибиву мусофирӣ ва ранҷу заҷри банди асирӣ, бо дарду гудози ҷигарсӯз суруда шудаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр, чун тоҷикони Тоҷикистон шомили давлати шуравиҳо гаштанд, агар дар васфи Ватан, бавижа ватандӯстиву ватанпарварӣ месуруданд, бояд Иттиҳоди Шуравӣ ва азамату халалнопазирии онро бозгӯ мекарданд ва агар Тоҷикистонро ҳамчун Ватан тавсиф менамуданд, бо лаҳни нарму нозук, бештар бо оҳанги «вальс» аз табиати зебо, боғу роғу пахтазоронаш нақл мекарданд ва дар зимн ҳатман бояд таъкид сурат мегирифт, ки дар оилаи республикаҳои бародарӣ, бо роҳбарии халқи кабири рус ба пеш равонанд.
Акнун, ки, хушбахтона, истиқлолият сиву дусола мешавад, дар васфи Ватан, Тоҷикистон, ваҳдати мардум сурудан амрест табиӣ ва муҳим. Боястӣ чунин ҳам бошад, ки аз роҳи тарбияи моҳиронаи фаннӣ, меҳри муқаддаси Ватан дар синаи хурду бузург ҷой гирад. Гумон меравад дастандаркорони бахши таблиғу парваришу омӯзиш ва тарбияи зеҳнии мардум, ба шумули эҷодгарони шеъру суруд, барои ба даст овардани ҳадафи дар боло оварда кӯшишҳое доранд. Аммо ончуноне ба чашм мехӯрад, бар асари рукуди ҳунариву адабӣ, қисми зиёди ин сурудаҳо, ки дар толорҳои консертӣ аз тариқи садову симо ба такрор пахш мегарданд, зодаи завқи баланди ватанхоҳӣ намебошанд. На ҳама оҳангҳои ба мавзуи Ватан бахшида, бо бадеияти худ арзиши ин номи муқаддасро доранд.
Гумон меравад, ки дар васфи Ватан бо лаҳни зору низор, бо матни дармондагиву ночорӣ сурудан, ба тоҷикон аз замонаҳои асорату ғарибӣ ба мерос омадааст, ки имрӯз низ суруди Ватанро сарояндаҳо бо овои мададхоҳ, чеҳраи зору низор месароянд.
Пас аз соҳибдавлат шудан, мавзуи сурудҳои меҳанӣ, бояд мавзуи мардонагӣ, ҷасорат, дифоъ аз ҳар ваҷаби марзу бум ва муқаддас будани номи Ватан бошад. Дар мавзуи Ватан сурудан лаҳни мардонаи пурзӯрро мехоҳад, ки сароянда бо чеҳраи ҷиддӣ, бо иродату матонат қудсӣ будани замини падаронро битавонад дар синаҳо ҷой кунад. Ҳатто бубахшанд фалаксароёну таҳлилгарони ин таронаи осмонӣ, боз ҳам ба доми хурофот афтода, оҳанги ватанпарварии худро хира кардаанд, зеро матни фалак ба сароиши «қазову қадар» ва бевафоии умр пайванд гардидааст. Дар сурате, ки сарахбори фалак ба наъраи марде бахшида шудааст, ки ба душмани бар ватанаш шамшер бардошта, тани зинда ба асирӣ надоданашонро таъкид кардааст:
Мо чор бародарем, як бобои пир,
Дар об шиноварем, дар кӯҳ нахчир.
Ҳар чор камон дорем, як халтаи тир,
Дар ҷанг диловарем, дар марг асир.
Ё:
Дар дашт будум зилозили занг омад,
Мардбача будум гурехтанум нанг омад.
Занҷири муғул ба гарданум танг омад,
Хуни ҷигарум, ба ҳар сари санг омад.
Ба пиндори мо, сароидани суруди меҳаниро аз қавми рус омӯхтан айбе надорад. Русҳо сурудҳои саримизии умумӣ доранд, ки дар ҷашнҳо, ҳини гирди миз баҳам омадан бо ҳамовозӣ месароянд. Суруди мотамӣ доранд, ки аз роҳи мотамсароӣ ғамшарикии хешро изҳор мекунанд. Гаҳе чунин ба назар меояд, ки яке аз омилҳои ба ваҳдат овардаи ин миллат сурудҳои ба Ватан, ба дарахтҳову ҷангалистонҳояш (клён, берёза, ясен, дуб, черёмуха...), рӯдборонашон (Волга, Амур, Байкал, Чёрное море...) мебошад. Оростану перостан ва барсохтани биниши ватанпарастӣ, дар баробари омӯзишу парвариши муайян, ба сидқу садоқату самимият ниёз дорад. Ва қавми мо дар руҳи худ эҳсоси ниёз ба самимигӯӣ ва самимисароӣ дорад, ки он дар навбати худ омӯзишу парвариши вижаро мехоҳад. Дарвоқеъ, омӯзишу парвариш барои расидан ба соҳили худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ бояд дар тамоми қишрҳои ҷомеа сурат гирад.
Намунаи дигари фаромӯшии ватанпарастиро дар ин росто метавон аз бунёди пайкараҳо дар шаҳру деҳот овард. Бубинед, дар ягон хиёбону боғи пойтахт пайкараи сипаҳсолор, ё ҷоннисори Ватан ба чашм намехӯрад. Ба истиснои боғи Куруши Бузург, ки он низ бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бунёд гардидааст. Вале дар кишварҳои дигар пайкараҳои қаҳрамонони миллиашон, бо намоди мудофеи Ватан пеши чашми мардум қарор дорад. Дар Москва Дмитри Донской, Александр Невский, Суворов, Кутузов, дар Санкт-Петербург Пётри Кабир, дар Ереван Довуди Сосонӣ (Давид Сасунский), дар Тбилиси шаҳбону Тамара, Дар Киев Богдан Хмелнитский, дар Урупо Зигфриду соири силаҳшӯронаш ва ғайра насли ояндаашонро ҳушдор медиҳанд, ки марзу бумашон бо ҷоннисориҳои сарафрозшеронашон нигаҳбонӣ шуда, ба ояндагон ба мерос гузошта шудааст. Сурудҳои меҳанӣ ва пайкараҳояшон онҳоро ба худогоҳӣ расондааст, то миллаташон битавонад дар баробари бегонагони ҳамлавар ва истеъморгарон ба по хезад ва барои нигоҳ доштани истиқлолият ҷони худро дареғ надоранд.
Ба он чи дар пеш пиромуни ватанпарастии русҳо ишора шуд, ин нуктаро бояд ба илова овард, ки русҳо низ хеле заҳри ғурбату муҳоҷират ва дармондагиву мусофиратро чашидаанд, вале суруди ватанхоҳиашонро ҳаргиз бо нолишу ночорӣ насурудаанд.
Аз ёдҳо рабудани огоҳии миллӣ ва таърихии зери фишори ҳокимони араб ва дастнишондагони онҳо боис шуда буд, ки аксарияти тӯдаҳои мардум бештар музофоти зистгоҳи худро пайваста бо номи Хуросон, Варорӯд ва ё сарзамини бузурги Эрони Бостон намедиданд ва ошноиву шинохт ва ё ҳассосияту таваҷҷуҳи боистаро бо номҳои «порс», «тоҷик», «ориёитабор» ва монанди он надоштанд.
Бо густариши исломи хурофотӣ ва ё беҳтар бигӯем, хурофоти исломӣ, дар солҳои ахири ҳукумати Салҷуқӣ ва Хоразмшоҳиён, дигар чизе ба номи руҳи миллигароӣ ва ватанпарастӣ дар Эрону Варорӯд боқӣ намонда буд ва ҳокимакони зархариди маҳаллӣ ва боҷгирони араби Бағдод охирин тавону рамақи руҳӣ, ва эҳсоси худшиносии ҷомеаи таҳти ситамро аз байн бурда буданд.
Аксаран огоҳӣ ва шинохти мардуми маҳаллӣ, аз чаҳорчӯби шариати исломӣ ва маҳдудаи сарзаминии амирнишин таҷовуз намекард. Шӯру шавқ ва эҳсоси ватанпарастӣ ва дарки масъалаҳои сарзаминӣ дар миқёси милливу меҳанӣ вуҷуд надошт.
Руҳияи таслим ва ризо ба қазову қадар ва бурдбории зулму ситами араб ба сурати як куниши комилан одӣ ва табиӣ даромада буд. Суст гаштани эҳсоси миллӣ ва меҳанӣ ва дур нигаҳ доштани мардум аз ҳамбастагиҳои миллӣ ва миллатро воҳиди динӣ донистан (миллати динӣ – 72 шеваи динпарастӣ), ки ба табъи бисёре аз ҳокимон ва фармонравоёни бемояи маҳаллӣ низ хушоянд буд, вожаҳое ба номи Ватан ва Миллату Меҳанро ба пуррагӣ аз байн бурда буд.
Ҳама нукоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба миллатсозӣ ва давлатсозӣ нигаронида шудааст. Ба пиндори мо, ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияву деҳот, муассисаҳои фарҳангӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО, ба таври умумӣ лояҳои ҷомеа ин Қонуни сарнавиштсозро дастури кори тарбиявии худ қарор диҳанд.
Дар поён гуфтаҳои суратгари шинохтаи рус, Александр Шилов (1943)-ро пеши рӯ меоварем, ки гуфтааст: «Санъат - ҳунар ин бехатарии кишвар аст». Дар ҳақиқат, муқаддастарин эҳсоси инсон – ҳимоя ва нигаҳбонии Ватан аст ва беҳтарин осори бузургон он офаридаҳое мебошанд, ки ба нигаҳбонии Меҳан бахшида шудаанд. «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҳамон шоҳкорест, ки дар нигаҳбонии забони тоҷикӣ, пешгирии пурра аз нестшавии хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикону эронитаборон нақши бузурге дошта, имрӯзу фардо на камтар аз гузаштаҳо дар нигаҳдошти забон ва парвариши руҳияи ватандорӣ метавонад хидмати шоиста дошта бошад.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдулло Рӯдакӣ
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)