РӮДАКӢ ВА ҲАМТОЁНИ АВРУПОИИ Ӯ

21 сентябр 2026, Душанбе
0


Ҳангоме ки Аврупоро тирагӣ фаро гирифта буд, ситораи тобноки Рӯдакӣ дар уфуқи назми порсӣ дурахшидан гирифт.

Чарлз Пикеринг, шарқшиноси англис

Оё имкон дорад, ки мо ҳамтоёни устод Рӯдакиро аз адабу фарҳанги Аврупо ҷустуҷӯ намоем? Оре, метавон ҷустуҷӯ кард, зеро тухми истеъдод ба ҳар сарзамине, ки афтад, он ҷо нумуъ хоҳад кард. Мавлонои соҳибназар ин ҳақиқатро хеле ҷолибу зебо баён кардааст:
Шохи гул ҳар ҷо, ки рӯяд, ҳам гул аст.
Ҳумми мул ҳар ҷо, ки ҷӯшад, ҳам мул аст.
Гар зи мағриб барзанад хуршед сар,
Айни хуршед аст, на чизи дигар.

Чун Эҳёи Аҷам Эҳёи Аврупо низ падидаи нодир ва таърихӣ гардида, дар охири асри XVI ва аввали асри XVII даврони нашъунамои адабу фарҳанги Аврупо оғоз ёфт. Падидаҳои бузурги адабӣ монанди Данте, Шекспир, Сервантес, Лопе де Вега, Рабле, Петрарка зодагони ҳамин давраи тиллоиянд. Аз миёни ин силсила фарзанди бузурги сарзамини Испания Лопе де Вега (1562-1635) аз лиҳози бузургиву азамати эҷодӣ тафовути зиёд дорад. Вай аз Рӯдакӣ даҳ сол камтар умр дидааст, аммо он қадар маҳсули фаровони эҷодӣ дода, ки онро даҳҳо нафар адибони соҳибистеъдод дар сад сол ҳам эҷод карда наметавонанд. Дар саросари ҷаҳон ӯ бо лақабҳои «уқёнуси назм» ва «муъҷизаи илоҳӣ» маълуму машҳур гардид.
Муҳаққиқон ба қалами Лопе де Вега ду ҳазору дусад драмаи манзумро мансуб донистаанд, ки аз ин миқдори афсонавӣ 747 асар боқӣ мондааст. Боз дусад драмаи дигарро ба ӯ мансуб донистаанд.
Устод Лоҳутӣ яке аз драмаҳои Лопе де Вегаро бо номи «Чашмаи гӯсфандон» бо маҳорати баланд ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва онро театри академӣ-драмавии шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт.
Медонем, ки Рашидии Самарқандӣ бо иштиёқи зиёд осори манзуми устод Рӯдакиро як миллиону сесад ҳазор ҳисобида буд. Бештарин касон то ҳол ба ин шумора бо шубҳа менигаранд, ба осори нобиғаи хеш бо чашми кам менигаранд, аммо осори манзуми Лопе де Вегаро 20 миллион мисраъ, ё худ 10 миллион байт донистаанд.
Ин маълумот дар миёни аҳли илму адаб ва мардум шӯру шавқи зиёде пайдо кард, аммо ҳеҷ кас ба он шубҳа накард ва ё онро афсонаю дурӯғ наҳисобид. Баракс, ифтихор намуданд, ки аз миёни мардуми Испания чунин як алломаи беназир ба олам омадааст.
Шоир ва драманависи беназири англис Уилям Шекспир (1564-1616) шукӯҳи эҷодӣ ва тавоноии истеъдод, мақому мартабаи сухан шояд ҳамтои шоистатарини Рӯдакӣ дар замони хеш бошад. Вақте ки бо сеҳри қалами Лоҳутӣ драмаҳои манзуми ӯ ба тоҷикӣ садо доданд, шакарафшониҳои шеъри Рӯдакӣ ба ёд мерасид.
Агар мо ҳамтоёни Рӯдакиро аз адабиёти классикии рус ҷустуҷӯ намоем, дар навбати аввал чеҳраҳои тобноку дурахшони Пушкин ва шукӯҳи Лев Толстой пеши назар меоянд. Пушкини 37-сола, бо он умри кӯтоҳ асосгузори адабиёти классикии як мамлакати бузурге чун Россия гардид ва ба ифтихори миллии халқи рус табдил ёфта бошад, устод Рӯдакӣ падари шеъри порсии тоҷикӣ шинохта шуда, овозааш дар чанд қитъа паҳн шуд.
Пушкин дар солҳои донишҷӯйӣ 1600 байт шеър сурудааст. Ӯ соли 1817 дар синни 17-солагӣ литсейро хатм намуд ва ҳамон сол бо номи «Ҳуррият» шеъри озодихоҳонае иншо кард ва ба ғазаби подшоҳ Николаи як гирифтор шуд.
Шоири 17-соларо ба Кавказ бадарға карданд ва аз ҳамон замон то охири умр ҳар асари ӯ, ҳатто афсонаҳояш зери назари подшоҳ ва сензураи ӯ қарор гирифт, аммо ҳеҷ қуввае натавонист, ки ишқи шеърро аз дили Пушкин бурун андозад, зеро ӯ барои сурудани шеър офарида шуда буд.
Рӯдакии мо низ то 15-17-солагӣ Қуръонро ҳифз кардаву дар илмҳои замонаш мумтоз гардида буд. Рӯдакӣ аз ҳашт солагӣ шеърҳои пухта суруда, дар 17-18-солагӣ чакомасаройи баркамол гардида буд.
Рӯдакӣ дар синну соли Пушкин даҳо назми Аҷам, ҳатто Араб гардида буд.
Ҳангоме ки мо даврони пирии Рӯдакиро тасаввур кардан мехоҳем, дар навбати аввал риши бузург ва барфосо сафед ва қомати хамидаи Лев Толстой – нобиғаи рус пеши назар меояд. Ин ду пирамарди оламшумул ҷавонии худро, тамоми ҳаёташонро, мақсаду маромашонро дар роҳи сухани баланд ва зиндагисоз қурбон кардаанд.
Кам нависандае пайдо мешавад, ки мисли Толстой асарҳои ҳаҷман бузургашро гаштаву баргашта таҳриру тасҳеҳ намуда бошад.
Ба андешаи муҳаққиқон Толстой шоҳасари хеш «Ҷанг ва сулҳ»-ро дувоздаҳ маротиба таҳриру ислоҳ намудааст, ки ин иқдомро ба ҷуз қаҳрамонӣ чизи дигар наметавон гуфт. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин муддат ӯ имкон дошт боз як романи дигар офаринад.
Чеҳраҳои чун хуршед дурахшони Рӯдакиву Синою Фирдавсӣ, Лопе де Вегаю Шекспир, Пушкину Толстой ва дигар алломаҳое, ки эҷоди асар барояшон тақозои дилу виҷдон буд, то кунун роҳи башарро равшан менамоянд. Номи баланду осори бегазанди онҳо мансуб ба кулли башарият аст. Ин баргузидагони навъи башар суханро ба пояҳои баланд бардоштанд ва сухан онҳоро номи ҷовидона бахшид.
Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 21.09.2026 №: 183