ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «РОҒУН» ОЯНДАИ ОБОДИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА САРИ БАЛАНДУ РӮИ СУРХИ ҲАР ФАРДИ ВАТАН АСТ»
Бояд гуфт, ки иншооти муҳими аср – Неругоҳи барқи обии "Роғун" Тоҷикистонро ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод.
Дар кишварамон сол аз сол вазъи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рушд меёбанд. Бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ тадриҷан амалӣ мегарданд.
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Солҳои рушди саноат эълон карда шавад.
Аз нигоҳи илми иқтисодиёт агар ба ин соҳа баҳо диҳем, неруи барқро нони саноат меноманд ва ин бесабаб нест, зеро он давлатҳое, ки дар рушди энергетика диққати ҷиддӣ додаанд, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан соҳаи саноат, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳа, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб мебошад. Дар ҷаҳон манбаъҳои анъанавии тавлиди неруи барқ метавонанд дар давоми чанд даҳсола ба итмом расанд. Бинобар ин, сарчашмаҳои маҳдуд ва тамомшавандаи энергия ниёз ба ҳалли алтернативӣ пайдо карданд, ки яке аз онҳо «энергияи сабз» мебошад. «Энергияи сабз» як қисми тавлидкунандаи энергия аст, ки ба захираҳои табиии тамомнашаванда ё барқароршаванда асос ёфтааст. Ба манбаъҳои «энергияи сабз», асосан, бод, нури офтоб, ҷараёни об, чашмаҳои гарм нисбат дода мешаванд. Бартарии ин гуна манбаъҳо ба ғайр аз тамомнашавандагӣ, безарарии онҳо ба муҳити зист мебошад.
Ҳоло дар кишвари мо 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯи нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли “энергияи сабз”, Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Воқеан, захираҳои обии Тоҷикистон таъминкунандаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ буда, муаррификунандаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.
Тавре дар ифтитоҳи оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд: «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ, нақши бузург хоҳад бозид».
Воқеан ҳам, соҳаи энергетикаи обии кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ин асос ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таҳияи заминаи ҳуқуқиву институтсионалӣ, ҳамкориҳо бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя беш аз пеш густариш меёбанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғоз гардида буд. Худи ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин Неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун», пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин НБО дар минтақа хоҳад буд.
“Воқеан, Неругоҳи барқи обии "Роғун" барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода мекунад. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд”, – таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз шаҳрвандони хушиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд барои чунин дастовардҳои беназир ва истиқлолу ваҳдату ягонагӣ ҳазорон шукру сипос гуфта, ба хотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон самимонаву содиқона хизмат намоянд.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194