ВОХӮРИИ ЯКУМИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН
29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар вохӯрии якуми сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” иштирок намуда, сухан ронданд.
Дар вохӯрӣ сарварони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти феълӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа барои амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла обу энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, саъю кӯшиши муштарак доранд.
“Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва кишварҳои минтақа бо дарназардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад”, – гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар зимн, Пешвои миллат рушди ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва инноватсияро амри муҳим шумурданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаҳои хешро иброз дошта, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла Олмон, муҳим арзёбӣ намуданд.
Равона кардани талошҳо дар минтақа ба бунёди занҷирҳои истеҳсолӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ ва васеъ намудани номгӯи молҳои пешниҳодшаванда муҳим шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ аз самти афзалиятноки ҷалби сармоя маҳсуб мешавад. Инчунин, Тоҷикистон аз сарватҳои гуногуни маъданӣ бой буда, барои рушди ҳамкориҳо бо шарикон дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ манфиатдор мебошад. Ишора шуд, ки Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳавасманд аст. Дар ин робита, Сарвари давлат сода кардани дастрасӣ ба бозори Аврупо ва ташаккули муштараки долонҳои самарабахши нақлиётию логистикиро амри муҳим маънидод карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи ташаббусҳо ҷиҳати пешбурди алоқаи нақлиётӣ ва энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо, инчунин рақамикунонии тиҷорат, истиқбол намуданд.
Зимни баррасии масъалаи ҳамкории амниятӣ, ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гашта, таъкид шуд, ки Тоҷикистон тарафдори зудтар пойдор гардидани сулҳу амният ва субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳаст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, диққати сарварони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод ҷалб сохтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Эъломияи муштараки сарварони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.