ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ШОМИ ШАНБЕ”.  САҲИФАЕ, КИ МИЁНИ САРБОЗОН ҲАМ МАҲБУБИЯТИ ХОС ДОРАД

“ШОМИ ШАНБЕ”.  САҲИФАЕ, КИ МИЁНИ САРБОЗОН ҲАМ МАҲБУБИЯТИ ХОС ДОРАД

02 октябр 2023, Душанбе
19
0


"Мутолааи матбуоти даврӣ дар ташаккули маърифат ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, аҳамияти бузург дорад. Дар қатори дигар нашрияҳои чопӣ, пайваста рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро, ки матолиби рӯзмарраро нашр менамояд, мехонам ва баъзе нуктаҳои заруриро барои худ сабт мекунам. Бемуҳобот, мутолааи саҳифаи иттилоотӣ ва фароғатии рӯзнома – “Шоми шанбе”, ки хондани он табъи касро болида намуда, ғизои маънавӣ медиҳад, барои банда хеле фараҳбахш аст. Матлабҳои муҷази он маънии фаровон ва фактҳои дақиқ доранд, ки касро ба рӯйдодҳои аҷибу ғайриодӣ ошно намуда, ҳисси ҷустуҷӯ карданро дар ниҳоди ҳар хонанда бедор менамояд". 
Ин матлабро Муҳаммади Файзимад, корманди Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ”, ки хонандаи доимии рӯзномаи “Ҷумҳурият”, хусусан саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе”, мебошад, зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори нашрия иброз дошт. 
Мавсуф ба касби журналистӣ рӯй оварданашро аз хондани маводи ҷолиби матбуоти даврӣ медонад. Нақши рӯзномаҳо, аз ҷумла “Ҷумҳурият”-ро, дар камолоти касбии худ арзанда меҳисобад. Ба қавле, хондани матбуоти даврӣ роҳи ӯро ба соҳаи журналистика мунаввар сохт.
Ҳамсуҳбати мо саҳми рӯзномаю маҷаллаҳоро дар тарғиби маърифат, ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон шоиста медонад: “Матбуоте, ки ғояҳои миллиро тарғиб менамоянд, дар бедории ҳисси худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои ниёкон ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон саҳми мунир дорад. Аз ин нуқтаи назар, нақши васоити ахбори омма, аз ҷумла матбуот, дар рушди давлатдории миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи  ватандӯстию ватансозӣ босазост”. 
Муҳаммад мегӯяд, ки мутолааи рӯзномаю маҷаллаҳо дари ганҷинаи маънавиро бар рӯйи ҳар хонандаи бедордил боз менамояд. Дарки маърифатро боло бурда, дар ташаккули шахсияти инсонҳо ҷойгоҳи вижаеро касб менамояд. – Барои банда дар баробари хондани дигар расонаҳои чопӣ мутолааи рӯзномаи “Ҷумҳурият” мақоми хоса дошта, нашри ҳарҳафтаинаи саҳифаи “Шоми шанбе”-ро интизор мешавам. Дар айёми хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳар рӯзи панҷшанбе бастаи рӯзномаю маҷаллаҳо ба қисми ҳарбӣ ворид мегардиданд. Аз масъулон хоҳиш мекардам то шумораи ин рӯзномаро бароям ҷудо карда монанд ва дар вақтҳои холӣ онро мутолаа намоям. Газетахонии камина ба дигар ҳамхизматонам бе таъсир намонд. Онҳо низ, ба матбуот рӯй оварданд. Ҷолиб ин буд, ки доир ба матлабҳои чопшудаи расонаҳо кормандони қисми ҳарбӣ ва сарбозон нуқтаи назари худро баён медоштанд ва табодули афкор сурат мегирифт. Бидуни муболиға, миёни сарбозон саҳифаи “Шоми шанбе” маҳбубияти хос дошт ва атрофи матлабҳои ҷолиби он бо завқ суҳбатҳо баргузор мегаштанд. Яке аз бартариҳои ин саҳифа дар он буд, ки тамоми самтҳои рӯзгори одамонро дар бар мегирифт, яъне аз тарбия то варзиш. Дигар ин ки маводи саҳифа кӯтоҳ ва дилчаспанд. Бешак, матлабҳои “Шоми шанбе” ҷаҳонбинии сарбозонро боло бурда, донишҳои онҳоро тақвият медиҳанд. 
– Сафари чанде қабл анҷомдодаи ҳайати 20-нафараи кормандони рӯзномаро ба мавзеи Ҳафткӯл, ки сафарномааш дар рӯзнома ва шакли видеоиаш дар ютубканал нашр шуд, дида хеле хурсанд шудам. Бори дигар итминон ҳосил намудам, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба сифати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат қарор дорад. Тавре мусаллам аст, имрӯз рушди соҳаи сайёҳӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, зеро ин соҳа дар пешрафти  иқтисодиёти  кишвар нақши шоиста гузошта метавонад. Тасвири манзараҳои зебои ин мавзеъ дар  гузориши чопӣ ва дидани навор дар ютубканал касро водор месозад то аз ин зебоиҳо дидан намояд. Ин иқдоми роҳбарияти рӯзнома, ки ба рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ нигаронда шудааст, қобили дастгирист. Хуб мешуд, ки дар пайравӣ ба ин иқдом кормандони дигар вазорату идораҳои давлатӣ низ, ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар сафар-саёҳат анҷом диҳанд. Бо ин роҳ метавон сайёҳии дохилиро рушд дод. Мо – кормандони Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” низ тасмим гирифтем, ки доир ба Ҳафткӯл барнома таҳия намоем ва бори дигар зебоиҳои ин мавзеъро ба тамошобинони дохилию хориҷӣ намоиш диҳем, – иброз дошт дар фарҷом Муҳаммади Файзимад. 

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив