ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ

ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ

04 октябр 2023, Чоршанбе
40
0


Ба ҳам мувофиқ омадани ду ҷашни фархунда, ки ҳамагон ба онҳо арҷ мегузорем – Рӯзи забони давлатӣ ва зодрӯзи мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мантиқӣ ба назар расида, ба ҳам тавъам будани ин ду санаи муҳимро собит месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб шуданашон, забони тоҷикиро дар паноҳи давлати миллии тоҷикон ва давлати миллиро дар паноҳи забони тоҷикӣ эълон доштанд ва то ба имрӯз ин сиёсатро, ки ҳамсадои дили аксари мутлақи мардуми ин сарзамини нозанин аст, собитқадамона амалӣ менамоянд.

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив