ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕВАШТИЧ. ГУСЕЛИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТИ НОҲИЯ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ДЕВАШТИЧ. ГУСЕЛИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТИ НОҲИЯ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

09 октябр 2023, Душанбе
58
0

 
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2023, №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” 3-юми октябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маросими тантанавии гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад.
Сарфармондеҳи Олии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бамаврид зикр намуданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар мебошад”.
– Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ симои миллат ва бақои давлат аст. Ҳифзи Ватан ва амнияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо – фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин масъулияти азимро бар дӯш мегиред, вогузор мешавад. Ватан ба ғайрату шуҷоат ва қувваи ҷисмонию маънавии шумо – ҷавонон, ҳамеша ниёз дорад, – иброз намуд Ашӯралӣ Ҷалилзода.
Ҷиҳати нақшаро дар рӯзи аввал сарбаландона иҷро намудан Ҷамоати деҳоти Ғазантарак беҳтарин ҷамоат дониста шуда, ба раисони маҳаллаҳои пешқадам ва волидоне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд, бо сипосномаи МИҲД Деваштич сарфароз гардида, ба 60 нафар даъватшуда шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” супурда шуд.

Маратҷон ҶАББОРОВ, 
ноҳияи Деваштич

Санаи нашр: 06.10.2023 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив