“ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ". РӮНАМОИИ ҶИЛДИ ДУЮМИ КИТОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТЕҲРОН
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” (ҷилди дуюм – “Забон ва замон"), ки ахиран бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба хатти арабиасоси форсӣ баргардон ва дар интишороти “Орван” мунташир шуд, баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст.
Дар маросими рӯнамоӣ аҳли илму адаб ва фарҳанги Эрон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳангу иршоди исломии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон ширкат варзиданд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар ибтидои нишаст зимни хайрамақдами ҳозирон ёдовар шуд, ки нашри форсии ҷилди аввали китоби "Забони миллат – ҳастии миллат" дар соли 2019 мавриди истиқболи гарми аҳли илму адаби кишвари дӯст қарор гирифт.
Сафир нашри форсии ҷилди дувуми ин китобро низ рӯйдоди муҳим дар ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон номида, таъкид кард, ки “Забони миллат – ҳастии миллат” бо ҳадафи таҳқиқу шинохти сайри таърихии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) аз даврони бостон то замони муосир ва эҳёи мақом ва манзалати таърихии забони миллати тоҷик ба унвони муҳимтарин рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудааст.
Дар суханрониҳои худ раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии ҶИЭ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, намояндаи Маҷлиси Шурои исломӣ ва раиси гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрон ва Тоҷикистон Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Маҳмуди Шолуӣ, раиси Муассисаи "Мероси мактуб" Акбари Эронӣ, шоир ва муҳаққиқи маъруф, корманди масъули садо ва симои Эрон Алиризо Қазва, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон, узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишманди маъруфи афғонистонӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ Сарвари Мавлоӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Теҳрон Иброҳими Худоёр шоистагиҳои илмӣ ва маърифатии китоби "Забони миллат – ҳастии миллат"-ро зикр намуда, таълифи онро ба муаллиф, мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон табрик гуфтанд.
Дар ин росто зикр гардид, ки ҷои чунин таҳқиқи ҷомеъ ва фарогир дар забоншиносии Эрону Афғонистон холӣ аст ва иқдоми муаллифи “Забони миллат – ҳастии миллат” дар пажӯҳиши марҳалаҳои пайдоиш ва рушду такомули забони муштараки халқҳои форсизабон шоистаи пайравии донишмандони ин кишварҳост.
Фармудаи ҳакимонаи Пешвои миллат – "Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад", ки зинатбахши оғози ҷилди дуюми китоби "Забони миллат – ҳастии миллат" аст, мавриди ҳамовозии суханронони маросими рӯнамоӣ қарор гирифта, дар ин замина зарурати талошҳои муассир барои ҳимояти забони муштараки кишварҳои форсизабон аз газандҳои замони ҷаҳонишавӣ таъкид гардид.
Суханронони маросими рӯнамоӣ саҳми бузурги Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳимоят аз забон, фарҳанг ва маънавияти ниёкон таъкид ва изҳори итминон карданд, ки нашри форсии китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” мояи таҳкими дӯстиву бародарӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ миёни ду миллати ҳамзабони Тоҷикистону Эрон хоҳад буд.
Дар поёни маросим меҳмонон бо гӯшаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно ва бо таомҳои миллии тоҷикӣ пазироӣ шуданд.
М. ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201