ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дар самои сиёсати даврон...

Дар самои сиёсати даврон...

12 октябр 2023, Панҷшанбе
22
0


БА ПЕШВОИ ҶОННИСОРИ МИЛЛАТ
Дар самои сиёсати даврон
Чеҳрае, ки ба хайр тобон аст,
Дар ҳавои муҳаббати Меҳан,
Дар ғами рӯзи неки инсон аст.

Бо фурӯғу нубӯғи симояш
Тоҷикистони мо дурахшон шуд.
Бо гули хандаи  лабони ӯ
Тоҷикистони мо гулафшон шуд.

Пайки оби зулоли мо бо ӯст,
Оби мо обрӯи мо афзуд.
Бо сиришти накуи тоҷикӣ
Ӯ дари сулҳу дӯстӣ бикшуд.

Ӯ ба майдон баромад он  лаҳза,
Ҷоннисорӣ на кори осон буд,
Ишқи ӯ шуд сипар, ҷасорати ӯ
Нангбардори ори даврон шуд.

Раст Меҳан зи вартаи муҳлик,
Ишқи Меҳан варо тавоне дод.
Бо фари осмонӣ бар халқаш 
Бахту толеи осмонӣ дод.

Не, на аз ғайб пеши мо омад,
Халқ бар хеш Пешворо дод,
Ҳосили ранҷҳои чандин аср,
Бахти моро, бақои моро дод.

Ӯ раҳо кард Меҳани моро,
Ҳаст то вақт, қадри ӯ донем.
Ӯ наҷотофарини халқи мост,
Ҷону дил пеши пош афшонем.

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив