СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ. ҲОМИИ ҲУҚУҚ ВА ТАҲКИМБАХШИ МУНОСИБАТҲОИ ҚОНУНИИ БОЗОРГОНӢ
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар низоми судии мамлакат судҳои иқтисодӣ мақоми махсусро ишғол менамоянд. Ин дар ҳолест, ки бо мақсади танзими фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар асоси Конститутсия соли 1995 ду санади нав: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомоти комили ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯйи парвандаҳои судии иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошт.
Фаъолияти чандинсолаи судҳои иқтисодӣ дурустии корро дар бораи ташкил намудани шохаи нави ҳокимияти судӣ исбот намуд. Дар натиҷаи гузарондани ислоҳоти пайдарпайи судӣ қонунгузорӣ дар самти фаъолияти судҳои иқтисодӣ низ такмил ёфт. Имрӯзҳо фаъолияти судҳои иқтисодӣ бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23-юми июли соли 2016 ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2008 ба танзим дароварда мешавад.
Як нукта қобили зикр аст, ки бо аз байн рафтани муносибатҳои маҷбурии иқтисодии нақшавӣ ва эътироф гардидани шаклҳои гуногуни моликият ва гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ мақому моҳияти судҳои иқтисодӣ ҳам боло рафт. Дар ин замина, барои фаъолияти озод ва рушди иқтисоди бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, дар моддаи 12 Конститутсия омадааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.
Дар ин робита, судҳои иқтисодӣ ягона мақоми судии кишвар мебошанд, ки манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва дар ниҳоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими қонунгузории иқтисодӣ нақши муҳим мегузоранд.
Аз фаъолияти суди иқтисодии вилояти Хатлон дида мешавад, ки сол ба сол муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон ба суд меафзояд. Чунончи, агар соли 2021 дар суди иқтисодии вилоят 513 парванда баррасӣ шуда бошад, пас дар соли 2022 ин рақам ба 532 адад расидааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 391 парванда баррасӣ гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 89 парванда зиёд аст.
Афзоиши муроҷиатҳо ва баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ агар аз як тараф нишонаи таҳким ёфтани боварии шаҳрвандон (соҳибкорон) ва ташкилотҳо ба мақомоти судӣ бошад, аз ҷониби дигар далели равшани ривоҷ ёфтани муносибатҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Баҳсҳое, ки соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои ҳаллашон ба суди иқтисодӣ муроҷиат мекунанд, асосан, ба иҷро накардани уҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯш, шартномаи иҷора, шартномаи қарз, шартномаи гарав, баҳсҳои вобаста ба истифодаи замин байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, талаби ситондани маблағҳои қарз аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ марбут ҳастанд.
Ба ин тартиб, метавон гуфт, ки судҳои иқтисодӣ зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар даврони имрӯза, ки замони муносибатҳои бозоргонӣ мебошад, баҳсҳои соҳаи иқтисодиётро ҳал карда, манфиати тарафҳои марбут ба муносибатҳои шартномавиро аз ҳуқуқвайронкунӣ ҳимоя намуда, бо ин васила, ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муътадилгардонии муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Сироҷиддин САЙДАЛӢ,
судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон