ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
13-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров истиқбол гирифт.
Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205