ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

17 октябр 2023, Сешанбе
23
0

 
13-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарварони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пешвои миллат соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид сохтанд.
Сарварони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин, зарурати беҳсозии муносибатҳои сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират матраҳ шуданд.
Сарварони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи маориф таъкид дошта, аз оғози лоиҳаи бунёди маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карданд.
Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар самти тандурустӣ ва кӯҳӣ, вуҷуд дорад.
Доир ба масъалаҳои амнияту рӯзномаи муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив