ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМРОЗИ САД СОЗ

ҲАМРОЗИ САД СОЗ

17 октябр 2023, Сешанбе
13
0


Мардони хирад ва соҳибистеъдод дар мурури замон ягон-ягон меоянд.
Яке аз чунин шахс оҳангсози соҳибмақом Фаттоҳ Одина аст.

Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд.
Ӯро – он оҳангсози соҳибномро, меҷӯем, мехоҳем дар гуфтаҳои ҳамдилонаш, ҳамсангонаш, ҳамнавоёнаш пайдо намоем.
Устод Лоиқ Шералӣ гуфта:
– Маро дӯсти бедордилам Фаттоҳ Одина ба сурудгӯӣ овард ва олами рангини мусиқиро ба рӯям боз намуд.
Оҳангсоз Хайрулло Абдулло:
– Фаттоҳ Одина-муаллифи аввалин симфонияи тоҷикӣ мебошад, ки ҳанӯз соли 1962 эҷод карда буд.
Олим ва мусиқишиноси маъруф Аслиддин Низомӣ: 
– Достони «Мавриги»-и Фаттоҳ Одина яке аз асарҳои олитарини симфонии тоҷикӣ ба шумор меравад.
Оҳангсози муваффақ Талабхӯҷа Сатторов:
– Фаттоҳ Одина-оҳангсозест, ки домани эҷодиёташ хеле фароху рангин аст. Бо ҳамовозии оркестри симфонӣ садо додани «Фалак» бо думбураи тоҷикӣ, худ як бозёфти ӯст.
«Фаттоҳ Одина завқи баланди шеършиносӣ дорад, ба беҳтарин офаридаҳои адибони мо оҳанг баста аст»-овардаанд дар меҳрномаи худ Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ҷӯрабек Мурод, Толиб Шаҳидӣ, Сайдалӣ Маъмур.
«Дилбастагии ман ба эҷоди хушобуранг хушсалиқаи Фаттоҳ Одина аз «Оҳуе дар кӯҳсор» оғоз гаштааст», – нигоштааст нависанда Ибод Файзулло.

Адворҳои хуршедӣ
Ӯро дар фазои нуру зиё меёбем. Аз паси нурҳои Хуршед, ки мавҷи адворҳо суруду таронаҳои Фаттоҳ Одина мерехт, падид меояд.
Бо ҳамон чеҳраи нуронӣ, бо нигоҳи шарарбор, бо шӯру шавқи эҷодӣ.
Ӯ меояд, дар асарҳои мондагораш, дар суруду мусиқиҳои асилаш, дар ду тори шабу рӯз ва чаҳор тори фаслҳои сол.
Дар дили ӯ дарё мавҷ мезанад, оҳангу савту наво мерезад.
Ӯро наметавон ором ва бепарво дарёфт, дар ҳар куҷое пайдо шавад, он ҷо оҳангу суруду шеъргӯӣ фазоро пур кунад.
Дар эҷод на ҳар кас метавонад фатҳи қуллаи онро соҳиб шавад, вале Фаттоҳ Одина онро фатҳ карду номи хешро ҷовидона дар дунёи ҳунар гузошт.

Аз «Мандоғ»...
«Кӯдакиҳои ман дар муҳити суруду оҳанг гузаштааст. Аз хурдӣ ёд дорам, ки падарам дутор мезаду акаи Аҷикам низ, яъне мусиқӣ шарики ҳамешагии хонадонамон буд.
Лекин аксаран муҳити басо созгор ҳам наметавонад ба интихоби пешае мусоидат кунад. Яъне, дар зиндагии ман муҳимтар аз он чизе будааст, ки чунин ба мусиқӣ пайвандам додаст. Ба хаёлам он чиз мусиқии умумии он замон-қашшоқӣ, гушнагӣ, хорию зорӣ, аламҳои сағерагист, ки кӯдакиҳои моро дар чанги хеш медошт.
Ҳанӯз дар ҳушу гӯшам «Мандоғ»-и шабдаравҳо, «Майдаё»-и хирманкӯбиҳо, сурудҳои аламноки саракчину чигинакҳои Гузари Тору оби ширини Кангурт зиндаанд ва аз ёдашон дилам гум мезанаду чашмам пуроб мешавад.
Боз дар хотир дорам, ки янгаҳоям Ҳурбӣ, Савлат (Занҳои ду бародари ба ҷанг рафтаам) ҳангоми чархрезӣ, дарздӯзӣ, рӯбу чин ва дигар корҳои рӯзгор сурудҳои аламнок замзама мекарданду паст-паст мегиристанд».
…Гузари Тор, дар дили Кангурт, дар он ноҳияест, ки гурдони номдор, шоирони сазовор, мутрибу сарояндагони пухтакорро ба дунё оварда.
  
Дар мадори наво
Завқи баланд, истеъдоди табиӣ ва дар кӯраи зиндагӣ обу тоб ёфтан оҳангсозро пухтаю расо намуда буд.
Хеле хуб медонист, ки ҳар асари офаридааш, ҳар такту зарби савту навояш дар кадом поя аст.
Аз ин сабаб шоирону ҳунармандон дӯст медоштанд, ки бо ӯ ҳамкориро, ҳамовоиро ба роҳ монанд.
Дигар он ки дар чанд мақолаҳи бахшида ба мусиқӣ иншо намудааш Фаттоҳ Одинаро чун нуктадони шеъру мусиқӣ ҳувайдо карданд.
Ӯро китоби адвори «Гулдастае аз гулзори Фалак» ба мо чун олими фалакшинос шиносонд.
Суруди «Маъвои Роғун»- аш аз Кохи нур ба мо ҳикоят мекунад ва чун дили фурӯзони оҳангсоз руҳу равони ҳамагонро равшанӣ мебахшад.
Аз ин рӯ, чунин инсонҳои зиндагибахшу оташниҳодро офтохисол мегӯянд.
Фаттоҳ Одина дар дунёи суруду тарона ва асарҳои ҷовидонааш чунин шахс шинохта шуда.
Кохи фарҳангии Кангурт дар қатори дигар абармардони ҳунар акси оҳангсози номӣ Фаттоҳ Одинаро чун рамзи ифтихори миллати тоҷик дар даромадгоҳи худ дорад.
Ӯ бо асарҳои вокалию симфонии «Падарамро набаред», «Бародарам», «Чорзарб», «Мандоғ», «Аҳурамаздо», «Қасам», «Мо тоҷиконем», «Меҳани ман», «Таронаи Ватан» ва ғайра номи худро ҳаккокӣ кардаву дар бисёр кишварҳо соҳибэҳтиром гаштааст.
Як худи достон барои сопрано, баритон ва оркестри «Падарамро набаред», ӯро барандаи мукофоти ба номи Александров намуд.
Номи оҳангсози бемисл, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор Фаттоҳ Одина дар олами санъат ва бо асарҳои безаволаш бо оби заррин навишта шудааст.

Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ 

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив