ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

КӮЛОБ.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

17 октябр 2023, Сешанбе
51
0

Ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар мамлакат сол ба сол рушд карда, сатҳи донишомӯзии мактаббачагон беш аз пеш боло меравад ва ҳамин аст, ки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. 

Дар иртибот ба ин, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Нурулло Салимзода зикр намуд, ки соли хониши сипаришуда 132 хонандаи муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок кард ва   аз онҳо 3 нафар ҷои аввал, 16 нафар ҷои дуюм ва 95 нафар ҷойи сеюмро гирифтанд. 
Мавсуф таъкид сохт, ки  Меҳрангез Бобоева, хонандаи Муассисаи барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб, аттестати аълои универсалиро сазовор гардида, бо медали тиллои равияи риёзӣ сарфароз шуд, ки ин ифтихори кулли хонандагони шаҳр аст. Хонандаи литсейи № 2 Абубакри Ҳофиз бошад, дар Олимпиадаи байналмилалӣ (Туркия) аз фанни забони англисӣ мақоми сеюмро касб намуд. Гузашта аз ин, ӯ дар Олимпиадаи байналмилалии “Тингил”-и шаҳри Лондон (Англия) миёни 55 давлат низ  ҷойи сеюмро ишғол кард. 
Дар баробари ин, Нурулло Салимзода ба дигар паҳлуҳои соҳа дахл намуда, иброз дошт, ки соли гузашта бо дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода муассисаҳои таълимии № 3 ва № 6, ки даҳсолаҳо таъмирро надида буданд, мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, боми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 тармим мегардад. Дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракӣ бунёди муассисаи нави таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар як баст дар арафаи анҷомёбист. Рӯзҳои наздик таълимгоҳи нав барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Зарбдор ва 10 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ № 42 барои 240 хонанда мавриди истифода қарор мегиранд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар дигар муассисаҳои шаҳр аз ҳисоби шарикони рушд оғоз ёфта, бо вусъат идома доранд. 
Суннати Содиқ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив