ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

18 октябр 2023, Чоршанбе
29
0


Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки бисёре аз нухбагони илму адаб дар дарозои умри на чандон тулонии хеш бо кору амалҳои шоиста муваффақ ба он мегарданд, ки аз худ номи нек боқӣ гузоранд. Донишманди фозил, доктори илмҳои техникӣ, аъзо- корреспонденти Академияи инженерии Федератсияи Россия, узви пайвастаи Академияи фанҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ), муҳаққиқи соҳибном Набиҷон Рабиҷонов аз зумраи чунин афроде буд, ки номи некаш ҳамчун олими пурмаҳсул дар доираҳои илмии дохилу хориҷ барои ҳамеша сабт аст. 

Ин муҳаққиқи сермаҳсул аз хурдӣ нисбат ба илмҳои физикаву математика шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин дилбохтагӣ ба илм ӯро соли 1956 ба даргоҳи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) овард. Ин ҷавони ҷӯёи илму донишро бо назардошти донишу маҳораташ пас аз хатми курси сеюм ба Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Бауманови шаҳри Москва мефиристанд, ки онро соли 1963 бо ихтисоси муҳандис - механик сарбаландона хатм намуда, ба Ватан бармегардад.
Олими ҷавон фаъолияти меҳнатиашро соли 1968 дар шуъбаи техникӣ-кибернетикии пажӯҳишгоҳи математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон оғоз намуда, корҳои мондагореро ба ҷо овардаву рисолаи номзадиашро соли 1969 таҳти роҳбарии академик Борис Николаевич Малиновский, ки аз олимони машҳури дунё маҳсуб меёфт, ба дифоъ мерасонад. 
Ҳанӯз соли 1967 бо ҳамроҳии устоди худ аввалин маротиба ва 1969 мустақилона соҳиби шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ мегардад. Дар баробари фаъолияти пурсамар дар пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ дилбохтагии ӯ ба корҳои таҷрибавӣ боз бештар гардида, солҳои 1986-88 дар докторантураи пажӯҳишгоҳи кибернетикаи Академияи улуми Украина рисолаи доктории худро бомуваффақият ба анҷом мерасонад. Барои дифои он аз ҷониби баъзе институтҳои пажӯҳишӣ монеаҳои зиёд эҷод мегардад, вале Набиҷон Рабиҷонови қавиирода ҳамаи он душвориҳоро паси сар карда, дар мавзуи “Основы постраения интегросеточных вычислительных структур для решения краевых задач” бо муваффақият ҳимоя мекунад. 
Пас аз анҷоми дифои рисолаи докторӣ аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва баъзе кишварҳои Аврупо ба Набиҷон Рабиҷонов пешниҳод мекунанд, ки дар кишвари онҳо фаъолияти меҳнатиашро идома диҳад, вале барои халқу Ватани худ хизмат карданро аз ҳама гуна давлату сарват беҳтар медонад.
Воқеан, чандин ихтирооти ин олими пуркор, ки ба шаҳодатномаҳои муаллифии онҳо муҳри “комилан махфӣ” зада шуда буданд. Мавсуф шуруъ аз соли 1990 фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро интихоб кард. Нахуст, ба ҳайси дотсент ва аз соли 1993 ҳамчун профессор дар ин боргоҳи илму маърифат кор карда, ба сифати  мудири кафедраи техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техникии таълим фаъолияти судманду сифатнок анҷом додааст.
Набиҷон Рабиҷонов (руҳаш шод бод!), ки аз фавташ 23 сол мегузарад, ба ҳайси яке аз нахустин пажӯҳандагони кибернетика дорои 14 шаҳодатномаи муаллифӣ аст. Ҳамчунин, муаллифи бештар аз 90 мақолаву асари илмӣ дар мавзуи системаи ҳисоббарорӣ ва кибернетика мебошад. Номбурда дар тарбияву камолоти шогирдони соҳибноме, чун А. А. Ахмедов, Р. А. Кукнариев,  М.Ҳ. Ғафуров, Н.Б. Борухов, С. Нарзуллоев, А. Аралбоев, М. Умаров нақш гузоштааст, ки ҳоло онҳо идомабахши фаъолиятҳои илмиву тадқиқотии устод мебошанд. Ин олими пуркор барои натиҷаҳои назарраси илмӣ бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф ва даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст. 

Абдумалик ҚАЮМЗОДА,
Зарифҷон ЮСУПОВ,
Дилбар САМАДОВА, 
устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив