АСОСГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. БОЗТОБИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомонро имкон фароҳам омад, то давлати навини худро бунёд намоянд. Вале давлате, ки баъди садсолаҳои бедавлатию нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, дере нагузашта ба хатари парокандагию нобудӣ дучор омад. Душманону бадхоҳон тавонистанд, ки мардуми тоҷикро дар як муддати кӯтоҳ ба ду ҷабҳа тақсим кунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои бақои давлату миллати мо то ҳадде хатарнок буд, ки баъзан, ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳои ба ҳам муқобил гузошт.
Мардум ҳанӯз шаҳди истиқлол ва давлатдории мустақилро начашида, аҳамияти ин неъмати бебаҳоро эҳсос накарда, аллакай вориди муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ шуд. Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон тарки Ватан ва ҷойи доимии зист карда, ба азобу уқубати ғарибӣ гирифтор шуданд.
Дар ин айёми мудҳишу пурмасъулият рисолати таърихии ниёгонро абармарди баору номус ва идомадиҳандаи оини шуҳратманди аҷдодӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд. Роҳбари нави давлат ҳанӯз аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати навини тоҷикон нақши тақдирсоз дорад, барқарор намудани сулҳро аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷа медонистанд. Нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд, дар бораи халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, ба Тоҷикистон ворид намудани неруҳои муштараки ҳомии сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон буд.
Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат - Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Худи ҳамон рӯз бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.
Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳо тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд. Роҳбари ҷавони давлат бо назардошти сабақҳои талхи таърихи бостонӣ ва солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сарварии худ ба бунёд, таҳкиму тақвият ва омодасозии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд, то барои таъмини бақою устувории давлати навини тоҷикон неруи дифоии аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаю озмоишдида дошта бошем.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои волои раҳбарию раҳнамоӣ ва сипаҳсолорию лашкардорӣ ба бунёди давлати неруманду пойдор барои мардуми бостону соҳибтамаддуни тоҷик устуворона камар бастанд. Ин буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуд ва пас аз ҳамагӣ 2 моҳи ба имзо расидани Фармони Раёсати Шурои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар ин расми гузашти низомӣ, ки ба ифтихори таъсиси Артиши миллӣ доир шуда буд, 5 ҳазор нафар аз ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе, беш аз 20 маҷмуи мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии С-75 ва С-125, миқдори зиёди танку туп, авиатсияи ҷангӣ ва дигар техникаи ҳарбӣ иштирок намуданд.
Раванди минбаъдаи ҳодисаву воқеаҳо нишон дод, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идораи мутамаркази неруҳои низомӣ, интихоби тактика ва стратегияи роҳбарӣ, баҳодиҳӣ ба вазъияти ҳарбӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот чун сипаҳсолори тавоною варзида амал намуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳ ё худ Артиши миллӣ аз рукнҳои асосӣ ва пойдевори устувори ҳар як давлати соҳибистиқлол аст. Вале дар Тоҷикистон ташкил додани артиш кори осон набуд, чунки дар ҷумҳурӣ барои он ҳеҷ гуна заминаи моддию техникӣ ва шумораи кофии кадрҳои миллии низомӣ вуҷуд надошт.
Аввалин қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бевосита аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ идома дошт ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд. Он замон муноқишаҳои дохилӣ дар минтақаҳои шарқии ҷумҳурӣ ҳанӯз идома дошт, чунки бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ розӣ буданд. Афсарону сарбозон баробари ташкил шудани қисмҳои низомӣ ва савганд ёд кардан ба майдони муноқишаҳо сафарбар мешуданд. Ин ҳолат монеаи асосӣ дар ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ва таълиму тарбияи нақшавии ҳайати шахсии он буд. Тамоми техника, яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҳарбӣ аз хориҷи кишвар харидорӣ мешуд, ки барои давлати навбунёди Тоҷикистон хеле гаронӣ меовард.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурзӯру неруманд кардани Артиши миллӣ шабу рӯз ҷаҳду талош мекарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ (23 феврали соли 2021) чунин зикр карданд:
"Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст".
Дар давраи муноқишаҳои мусаллаҳона, таъҷилан, Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар он, пеш аз ҳама, курсҳои кӯтоҳмуддати афсарӣ ташкил гардид, вале барои омода кардани ҳама гуна мутахассисони ҳарбӣ дар муддати кӯтоҳ шароити таълимӣ муҳайё намудан аз имкон берун буд. Аз ин рӯ, соли 1993 шумораи зиёди ҷавонони тоҷик ба омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои олии ҳарбии Федератсияи Россия фиристода шуданд. Ин чораҳои таъҷилӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида мешуданд, имкон доданд, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо шумораи ҳадди ақалли афсарони касбӣ мукаммал гардад.
Соли 1997 нахустин хатмкунандагони Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии ҳарбии Федератсияи Россия ба сафҳои Артиши миллӣ ворид шуданд ва давраи мукаммалсозии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо кадрҳои ҷавону соҳибтахассуси миллӣ оғоз ёфт. Ҳамон сол ҳамчунин, баталёни муҳандисӣ - минаҷӯӣ ташкил ёфт. Дар муддати фаъолияти баталён минаҷӯёни он ҳазорон моддаҳои таркандаро безарар гардонда, масофаи зиёди роҳҳои мошингард, деҳаҳо ва чарогоҳҳои кӯҳию саҳроиро аз ин моддаҳои марговар пок карданд, вале аз сабаби набудани харитаи майдонҳои минадор ва норасоии техникаи махсуси минаҷӯӣ кори онҳо дар самти тозакунии минтақаҳои ҷангзада солҳои зиёд идома ёфт.
Соли 1997 барои Артиши миллии Тоҷикистон бо сабаби ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ соли хотирмони таърихӣ аст, зеро пас аз он неруҳои ҳар ду ҷониб, ки то замони оштии миллӣ паси сангарҳои муқобил меистоданд, акнун ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ шомил шуданд.
Мутаассифона, пас аз бастани сулҳу оштӣ ҳам кӯшишҳои афрӯхтани оташи ҷанг аз ҷониби хоинони миллат ва душманону нотавонбинони сулҳи тоҷикон солҳои 1997, 1998, 2001 ва баъд аз он ҳам амалӣ мешуд. Чанд дафъа, ҳамчунин, кӯшишҳои суиқасд ба ҷони Сарвари сулҳовари тоҷикон анҷом дода шуд. Моҳи сентябри соли 2015 намояндагону ҳаводорони ҷангҷӯи созмони террористии ба ном Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳатто даст ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ заданд. Вале он солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дигар он артиши тозатаъсиси солҳои аввали истиқлолият набуд ва ҳамаи кӯшишҳои ноҷавонмардонаи душманон ба зудӣ саркӯб гардид.
Моҳи феврали соли 1998, ки аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 5 сол сипарӣ шуд, ҷашни Артиши миллӣ бори нахуст дар фазои сулҳу оромӣ таҷлил гардид. Таҷрибаи 5 соли сипаригашта ва фазои сулҳу оромии кишвар имкон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба таълиму тарбияи нақшавии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии он ва сайқал додани маҳорати касбии ҳайати фармондеҳӣ оғоз намояд. Азбаски роҳи асосии баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ин ташкил ва гузарондани машқҳои калонмиқёси ҳарбӣ аст, дар ин самт корҳои зиёди судбахш ба анҷом мерасиданд. Дар аввал ҳамаи машқҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия гузаронда мешуд, вале тадриҷан нақш ва мақоми асосӣ дар машқҳои муштарак бар уҳдаи низомиёни тоҷик вогузор мегардид, ки аз болоравии сатҳи касбии онҳо гувоҳӣ медод.
Дар ин муддат дар ҳудуди гарнизони Суғд машқгоҳҳои низомии Чоруқдарон ва Нурафшон, дар ҳудуди гарнизони Хатлон машқгоҳу марказҳои таълимии Тоҷмаҳал, Фахробод, Ҳарбмайдон, Ҳомиён ва Сумбула, дар ВМКБ машқгоҳҳои ҳарбии Тем, Ҷилондӣ, Шитхарв ва дар ҳудуди ноҳияҳои Лахш, Рашт ва минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат низ, машқгоҳҳои муосири ҳарбӣ бо ташкили заминаҳои хуби моддию техникӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Аз он вақт сар карда, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки чандин бор дар Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва, ҳатто, дар Фаронсаю Амрико дар машқҳо ва машғулиятҳои ҳарбӣ ширкат намуда, маҳорату малакаи ҷангии худро сайқал додаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар низоми бехатарии минтақавӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо нақши муҳим доранд.
Васеътарин машқҳои ҳарбии муштарак чанд дафъа дар Тоҷикистон низ, бо иштироки гурӯҳҳои фаврии ситодӣ ва ҷузъу томҳои низомии давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларусу Арманистон ва бо низомиёни Ҳиндустон ва Чин низ, доир гардид. Машғулиятҳои низомии сершумор, ҳамчунин, бо низомиёни Фаронса ва Амрико дар кишвари мо ба роҳ монда шудаанд. Ҳамаи ин тадбирҳо, ки ҳадафи асосии он дар амал санҷидану баланд бардоштани омодагии муштараки ҷангӣ дар амалиёти дастаҷамъии гуногун, аз ҷумла зиддитеррористӣ аст, аз болоравии сатҳи касбӣ ва таъминоти техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Дар замони муосир ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ба давраи сифатан нави омодагии ҷангӣ қадам гузоштаанд. Дар баробари машқҳои низомӣ бо иштироки низомиёни дигар кишварҳо аз соли 2000 ба баъд, ҳамчунин, машқҳои низомии муштарак бо иштироки ҷузъу томҳои сохторҳои гуногуни қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешаванд, зеро хатарҳои ҷаҳони муосир зарурати расидан ба сатҳ ва мазмуни нави омодагии ҷангиро ба миён овардааст.
Акнун роҳу усулҳои анъанавии ҷангӣ дар муборизаи зиддитеррористӣ ба мақсад мувофиқ буда наметавонад. Дар мубориза бар зидди неруҳои террористӣ бояд ҳама сохторҳои қудратӣ аз рӯйи самтҳои кории худ бо ҳамоҳангӣ, вале тибқи нақшаи ягона ва роҳбарии мутамарказ ширкат кунанд. Бинобар ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои нави мудофиаи ҳудудӣ ба тасвиб расиданд.
Имрӯз Тоҷикистон дорои артиши озмуда аст. Вале бо вуҷуди ин ҳама қудрату тавоноӣ вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи мо родмардони Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои дахлдори қудратии давлати ҷавони Тоҷикистонро ба ҳушёрию зиракӣ ва омодагии ҳамешагӣ водор месозад.
23 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, таъкид карданд: “Тайи бисту шаш сол ҳазорҳо нафар афсарони ҷавон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъин карда шуданд.
Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки минбаъд низ, ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба масъалаи сифати корҳои тарбиявию сиёсӣ дар байни ҳайати шахсӣ, хусусан дар самти кор бо наваскарон, эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дар ин раванд, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад”.
Дар шароити кунунӣ нигарониҳо дар минтақа ва ҷаҳон бамаротиб афзудааст, зеро дар пайи саҳлангорию кӯтоҳбинӣ ва ё тавтиаҳои ҳадафмандонаи баъзе қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ қувваҳои террористию ифротгаро соҳиби силоҳу аслиҳа, техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини ҳарбӣ мегарданд.
Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба ҳама пешомадҳои мунтазираю ғайримунтазира омодагии муносиб дорад. Тавоноии Артиши миллӣ 22 июли соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалан, санҷида шуд. Он рӯз, соати чори субҳ бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсару сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсару сарбози захираҳои сафарбарӣ дар тамоми ҳудуди кишвар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуд, то омодабошии ҷангии онҳо дар амал санҷида шавад.
Дар ин машқҳо, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронда шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуд. Ин чорабинӣ дар тамоми ҳудуди кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст гардид.
Тавре ки дида мешавад, Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, имрӯз қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя намояд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, чунонки Сипаҳсолори волои мо пайваста мефармоянд, имрӯз бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон дар руҳияи ифтихор аз арзишҳои волои миллӣ бунёду тарбият ва тақвиятёфта, баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон омодагии боэътимод касб намудааст ва вазифаҳои пуршарафи худро бо садоқат ба савганди низомӣ ва савганди тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо мекунанд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, профессор
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)