ДИАБЕТИ ҚАНД
Ин беморие аст, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гармони ғадуди зери меъда) ба вуҷуд меояд.
Намуд ва аломатҳои бемории диабети қанд ду гурӯҳ аст:
Бемории диабети қанди ба инсулин вобаста ва ба инсулин новобаста.
Бемории диабети қанди ба инсулин вобаста одатан дар синну соли ҷавонӣ пайдо мешавад , ки ба вайроншавии кори ғадуди зери меъда, бо норасоии пурраи инсулин паидо мешавад. Бемор дар чунин ҳолат барои гирифтани инсулин ҳоҷат дорад. Аломатҳои бемории диабети қанди ба инсулин вобаста чунин аст: бемадорӣ ва хасташавӣ, ташнагӣ, пешобронии зиёду тез-тез, дилбеҳазурӣ, қайкунӣ, харобшавии ҷисм, хушкии даҳон, обнӯшии аз ҳад зиёду сӯзиши пойҳо, бехобӣ, асабонишавӣ. Дар чунин ҳолат бемор бояд ба духтур муроҷиат намояд.
Бемории диабети қанди ба инсулин новобаста (навъи 2) одатан дар 40-солагӣ ба назар мерасад ва ин бемориест, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин чудо мекунад. Ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд.
Аломатҳои бемории диабети қанди ба инсулин новобаста инҳоянд:
Паст шудани қобилияти корӣ, кам шудани биноии чашм, бемадорӣ ва хасташавӣ, хушкии даҳон, истеъмоли зиёди об, пешобронии зиёд ва тез-тез. Дар чунин ҳолатҳо бемор бояд ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат намояд.
Сабабҳои пайдоиши бемории диабети қанд бошад, ирсият, фарбеҳии зиёд, тарсу ҳаяҷон (стрес) камҳаракатӣ, атеросклерози рагҳо, бемории фишорбаландии хун, бемории ҷигар ва гурдаҳо аст. Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд ин парҳез кардан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған, шӯру тунд мебошад. Инчунин, вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ доштану ба кору фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан аст. Бемор аз тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ бояд даст кашад. Аз изтиробу асабонишавӣ зарур аст, ки худро дар канор гирад. Агар чунин пешгириҳоро риоя накунад, ба чунин оризаҳо дучор мешавад: бемории системаи дилу раг (стенокардия), сактаи майнаи сар (инсулт), панҷаи пойи диабетикӣ (гангрена), сироятёбии зуд-зуд, паст шудани фаъолияти шаҳвонӣ, бемориҳои пӯст (илатҳои замбӯруғӣ), бемориҳои вазнини гурда, камшавии биноии чашм. Бо муроҷиат ба табибони ҳозиқи соҳа имкон ба вуҷуд меояд, ки сатҳи баландшавии қанди хунро поён фароред ва аз ранҷҳои беморӣ дар канор бошед.
Сангинмурод ҚОСИМОВ,
табиби бемориҳои дарунӣ,
ноҳияи Рӯдакӣ