ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

20 октябр 2023, Ҷумъа
110
0

 
Идомаи сафари корӣ
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон, бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олиқадр – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони шаҳр бо эҳтироми гарму самимӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи бинои МТМУ №48-и деҳаи Сангпар
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шуд.
Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, бинои таълимӣ дар майдони 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 омӯзгор бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гашт.
Даргоҳи нави маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва чор ҳуҷраи корӣ, мебошад.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзиш дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шуд.
Ифтитоҳи иншоот барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон имконияти хубу мусоидро фароҳам овард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ, омӯзгорону дигар масъулонро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи хуби онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.
Бунёди бинои нави таълимӣ идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, бо ин роҳ, боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.
Фармоишгари иншоот филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар бинои таълимиро мутахассисони ҶДММ «Уҳда» аз рӯи лоиҳаи ҶСК «Шаҳрофар» бо сатҳу сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонданд.
Атрофи бинои таълимӣ сабзу хуррам гардонда шуда, барои истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон нишастгоҳҳо гузоштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои замонавии таълимиро барои сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити фароҳамоварда роҳнамоӣ карданд.
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб, бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.
Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷдиду навсозӣ гардида, ба макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ба он ташриф меоранд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами ирфону илм буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр ва масъулони Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохилию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Бинои иловагии МТМУ №42 
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супурданд.
Бинои нави таълимӣ дуошёна буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ эъмор гардид.
Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.
Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои МТМУ №42 ба 25-то расида, мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон бартараф шуд. Дар мактаб беш аз 30 омӯзгор ба кор ҷалб гашт.
Бино дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” сохта шуд.
Масоҳати иншоот 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз рӯи лоиҳаи ҶСК “Шаҳрофар” бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Фаридун” дар муҳлати муайянгардида, бо риояи талаботи муосир бунёд ёфт. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 бинокори маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Бинои иловагии муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ, ки бо истифода аз ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст мебошад ва ин низоми каммасраф дар мавсими сардиҳои зимистон барои бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо мувофиқ аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин даргоҳи маърифат, омӯзгоронро барои равона намудани тамоми малакаву таҷрибаи хеш ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят карданд.

Беморхонаи руҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи руҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Сохтмони он аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Фаридун" ба иҷро расид.  Дар беморхона ҳам касалиҳои наркологӣ, ҳам руҳиву равонӣ табобат мешаванд.
Дар беморхонаи наркологии минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба – шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯянд. Дар таҳхонаи беморхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ ва маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир аст. Дастгоҳу таҷҳизот, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксегенератор, узи, катҳои ташхисӣ ва асбобҳои асосӣ барои ёрии таъҷилӣ, аз хориҷи кишвар дастрас гардида, ҷиҳати табобати саривақтии беморон мусоидат менамояд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки беморхонаи мазкур бо чунин шароит дар ҷумҳурӣ аввалин буда, дар он имконияти аз 3 то 21 рӯз ба табобати шабонарӯзӣ фаро гирифтани бемориҳои наркологӣ мавҷуд аст. Дар он 20 ҳуҷра бо шароити муосир вуҷуд дошта, имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расонданро дорад.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона, беш аз 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, дар хизмати аҳолӣ камари ҳиммат бастаанд.
Табибони беморхонаи руҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо итминон иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа дониш ва таҷрибаи андӯхтаи хешро равона месозанд.

Шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД 
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои навбунёд 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон дорад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво, бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.
Кормандони шуъба метавонанд вақтҳои барояшон мусоид аз китобхона адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиа намоянд. Ҳамзамон, дар китобхона ду компютер аст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Дар бино маҷлисгоҳи кушоду барҳаво бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзиш барои машқу тамрини кормандон сохта шуд. Маҷлисгоҳ барои баргузории вохӯриҳову мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ-тарбиявӣ мувофиқ аст. Ҳуҷраҳои ошёнаи 3-юм ва 4-уми бинои нав барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ мегардад. Ба ғайр аз ин, дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона ҷой гирифта, дар ҳуҷраҳои он барои қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайёст. 
Сарвари давлат ба кормандони шуъба як воситаи нақлиёти хизматӣ туҳфа карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро дар самти иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматияшон вазифадор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки иншоот аз тарафи бинокорони раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сифати баланд бунёд гардид.
Намои берунаи бино бо тарҳи муосир оро ёфта, чароғакҳои гуногуни ҷилодиҳанда онро дар шаб равшан менамоянд.
Гузоштани санги асоси қасри фарҳанг 
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
Тавре гуфта шуд, он  сеошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва он бо маблағи 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 гектар бунёд мегардад. Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро мутахассисони  ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП " ба сомон мерасонанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди қасри фарҳанг, ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро барои дар муҳлати муайяншуда супурдани қаср вазифадор намуданд. Гуфта шуд, ки бо бунёди ин иншооти фарҳангӣ шароити фаъолияти аҳли фарҳанг боз ҳам беҳтар гардида, бо тарҳи зебояш намои маркази ноҳияро назаррабо мегардонад.

Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази тиббии Саломат” 
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ бо истифодаи таҷҳизоти муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиза Умарова бунёд гашт.  Сохтмони он соли 2021 аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллӣ оғоз гардида, дар ду сол поён ёфт. 
Он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар таҳхона бахши физиодармонӣ ва дорухона, дар ошёнаи аввал ҳуҷраҳои сабти барқии дил, ташхиси эхоултрасадоии дил ва ташхиси томографияи компютерӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм хуҷраҳои қабули бемориҳои занона, дандонпизишк, гӯшу гулу ва бинӣ, бемориҳои дил, амрози даруна, асаб, ҳуҷраи амалиётҳои фаврии ҷарроҳиҳои хурд, ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ ва озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ мавҷуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имконияти мусоиди ташхису табобат дар Марказ баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонӣ ва фаъолияти софдилона ба кормандони он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Барои фаъолияти пурсамари ҶДММ «Маркази тиббии Саломат» бо арзиши 10 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харида шуда, васлу насб гардид. Маркази саломатӣ дорои таҷҳизоти томографии компютерии истеҳсоли ширкати “Сименс”-и Олмон, ки бо арзиши чор миллион сомонӣ харида шудааст, мебошад. Кори ин таҷҳизот боиси боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ташхису табобат мегардад. Ба фаъолият оғоз намудани маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки минбаъд сокинон дар маҳали зисти худ аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ бархурдор шаванд.
Тавре ки ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, баъди баистифодадиҳии Маркази саломатӣ 30 мутахассиси соҳа ба кор ҷалб гардида, ба 30 ҳазор нафар аҳолии атроф хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” ба истифода дода шуд 
19-уми октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Фархор ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лутфия Камолова бунёд гашта, дар он шароити муосири ташхису табобат фароҳам оварда шудааст. 
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони иншоот ҳанӯз соли 2021 оғоз гардида, аз таҳхона, панҷ ошёна ва болохона иборат аст. Бино аз тарафи ширкати сохтмонии ҶДММ “Фирӯз-сохтмон” давоми ду сол ва бо сифати баланд бунёд ёфт.
Дар Марказ 34 нафар, аз ҷумла 6 табиб, 14 корманди миёнаи тиббӣ ва 12 корманди ёрирасон, фаъолият мекунад. Барои кори пурсамари онҳо бо арзиши 12 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харида, васлу насб гардиданд. Дар таҳхона ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ, дорухона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгиранд, ки барои ниёзмандон хизмати сатҳи баландро пешниҳод менамоянд. Дар ошёнаи аввал ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, муоина ва ташхиси ултрасадоӣ, муоина ва ташхиси гастроскопӣ ва рухсати беморон ҷойгиранд. Дар ошёнаи чорум бахши ҷарроҳӣ ва ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ мавҷуд буда, дар ҳуҷраҳои интенсивӣ барои беморони ҷарроҳишуда ва ба эҳё ниёздошта шароити мусоид фароҳам овардаанд.  Дар ошёнаи панҷум бахши ташхисӣ ва ҳуҷраҳои табобатӣ ҷиҳати  қабули бемориҳои дил, гӯшу гулуву бинӣ, асаб, чашм, дандон, озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ва дар ошёнаи шашум бошад, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи кории маъмурият мавҷуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки дар ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дастгоҳи эндовидеоҷарроҳии истеҳсоли ширкати овозадори “Delmont”-и Фаронса мавриди истифода қарор мегирад. Арзиши он наздики 2 миллион сомонӣ буда, дар минтақаи Кӯлоб ягона мебошад. Ба гуфтаи масъулон, дар оянда бо истифода аз имкониятҳои Марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.
Бо оғози фаъолияти Марказ аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт аз хизматрасонии сатҳи баланд баҳравар гарданд. Марказ барои интиқоли бемороне, ки ба кумаки тиббии фаврӣ ниёз доранд, дорои автомобили махсусгардондашуда мебошад. Дар бино, маҷмуан, 20 кати хоб (5 кат барои бемориҳои дил, 5 кат барои бемориҳои асаб, 5 кат барои бемориҳои амрози даруна ва 5 кат барои бемориҳое, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд) вуҷуд дорад. Барои ҷиҳозондани ҳуҷраҳо, таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди рентгени рақамӣ, муоинаи гастроскопӣ, муоинаи ултрасадоӣ, кардиомониторҳо, кати ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои озмоишӣ ва дигар таҷҳизоти муосири тиббӣ васлу насб гардид.

Мулоқот бо ятимони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 
19-уми октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисиву табобатии Ориёно” дар деҳаи Ориён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятим аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфа супурданд.
Боиси таъкид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон вохӯрда, бо вазъи зиндагии онҳо шинос мешаванд.
Дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар баробари оростани  дастархони  пурнозу  неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, шириниҳо, сарулибос ва кумаки молиявӣ тақдим шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯсту ятимпарвари хеш туҳфаҳои арзишманду хотирмон гирифтанд. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавият дошта, барои беҳтар сохтани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад ва зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон,  Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят карданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”
19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд.
Дар хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна, шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар замин ва 80 саҳмдор мебошад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва сабзавоту зироатҳои гуногун парвариш мешаванд.
Иттилоъ доданд, ки ба хотири таъмини бозорҳои ноҳия ва истеъмолкунандагон бо маводи тару тоза ва босифати кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати содироти маҳсулот, дар 50 гектар дарахти зардолу, 4 гектар анор, 3 гектар бодом, 7 гектар олу, 6 гектар пиёз ва 8 гектар каду нигоҳубин мешаванд.
Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” серсоҳа буда, дар майдони 48 гектар пахта ва дар масоҳати 32 гектар  шолӣ киштанд. Бо истифода аз ҳавои мусоиду заминҳои корам ва таҷрибаи бойи заминдорӣ, хоҷагидорон дар майдони як гектар помидор ва як гектар зироатҳои дигарро кишта, дар масоҳати 0,2 гектар гармхона бунёд кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонию боғпарварии “Боғи Нодир”, ба тарзи ташкили кор, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баҳои арзанда доданд. 
Хоҷагидорон ҷиҳати рушду равнақи соҳаи боғдорӣ ва зироаткорӣ дастуру маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Санаи нашр: 20.10.2023 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив