ҶАҲОНИШАВИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Соҳибистиқлолии кишвар барои шинохту гиромидошти мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва ҳифзу ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани он шароитҳои мусоидро фароҳам овард. Қабл аз ҳама, ҳаллу фасли ин масъала дар паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта аст. Ба шарофати ғамхориҳои доимии Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ дар самти омӯзишу таҳқиқи мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, маблағгузории таҳқиқотҳои бостоншиносӣ, эҳё ва тармиму таҷдиди силсилаи ёдгориҳои беназири таърихиву меъморӣ, ободсозии мақбараву қалъаҳои қадима, барқарор намудани номҳои таърихӣ ва ғайраҳо, корҳои назаррасу шоёни таҳсин иҷро шудаанд.
Оид ба мубрамияти ин масъала Президенти мамлакат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (аз 25 апрели соли 2008) чунин иброз намуданд: «Дар сиёсати фарҳангии кишвар муҳофизат ва барқарорсозии ёдгориву меъмориҳои таърихиву фарҳангӣ, ки аз аҷдодони гузаштаамон мерос мондаанд ва моро ҳамеша ба худшиносиву худогоҳии миллӣ раҳнамоӣ мекунанд, масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад». Ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Парлумони кишвар (аз 24 апрели соли 2010) низ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат – ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Дар Паёми соли 2015 (23 январ) зикр шуд, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушду нумӯи соҳаҳои фарҳангу санъат пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, «дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона карда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро азнавсозӣ намуд».
Натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овард, ки ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва намунаҳои барҷастаи унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ сабти ном шаванд. Дар робита ба ин масъала, Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш ба Парлумони кишвар (аз 26-уми декабри соли 2018) бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки «дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардидаданд. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд».
Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзу гиромидошт ва пешниҳоду сабти ном кардани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар сиёсати фарҳангии Президенти мамлакат мавқеи устуворро ишғол менамояд. Ба андешаи Пешвои миллат, ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллати тоҷик мебошад. Ин нукта дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21-уми декабри соли 2021 арзёбӣ шуд. Ҳамзамон, дар ин Паём қайд гардид, ки фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд.
Хушбахтона дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки рӯзи 17-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, дар доираи номинатсияи фаромиллии ёдгориҳои: «Шоҳроҳи бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Панҷакенти Қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Қалъаи Ҳисорак, Тали Хамтуда ва низоми обёрикунии Тоқсанкорез ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил шуданд. Ин рӯйдоди муҳим, воқеан дастоварди муҳим ва арзишманди даврони истиқлол дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, натиҷаи назарраси татбиқи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар партави паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаҳои муҳими фарҳангу санъати тоҷик, аз қабили омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ, эҳё ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, таъмиру азнавсозии мамнуъгоҳҳои таърихиву фарҳангӣ, ободсозии мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва қалъаҳои қадима, барқарор намудани номҳои таърихӣ, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва шаҳрҳои бостонии кишвар, гиромидошти чеҳраҳои мондагори миллат, пешниҳоду сабти ном кардани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ва мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, густариши робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фарҳангу санъати миллӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар амал татбиқ шудаанд.
Фирдавс ШАРИФЗОДА, муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, номзади илмҳои таърих