НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ
ШОҲҶОИЗА БА «РОҲ»
Шоҳҷоизаи аввалин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба коргардони тоҷик Носир Саидов барои таҳияи филми «Роҳ» тақдим шуд.
Қаҳрамонҳои асосии филм заноне ҳастанд, ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара нишастаанд ва ҷомеа нисбат ба онҳо бархурди дигар дорад. Зеро барои аксари мардум маҳбусӣ шудани зан нисбат ба мард ногувортар аст.
Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов, наворбардор Георгий Дзалаев буда, филм дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст. Оҳангсози филм Далер Назаров, тадвингари он Диловар Султонӣ мебошанд.
Дар филм нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохта Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Нисо Муҳаммадҷонова, шодравон Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов бозидаанд.
«РИВОЯТҲОИ ҶОВИД» ДАР «ЧОДАРИ ХАЁЛ»
Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар Душанбе бо намоиши «Ривоятҳои ҷовид»-и ҳунарпешагони Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон оғоз ёфта, то 28 -уми октябр идома меёбад.
Дар он ҳунармандони Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон намоишҳои театриро ба тамошогарон манзур менамоянд.
Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
«ТАҲАВВУЛИ АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»
Зери ин унвон асари тадқиқотӣ, ки ба қалами Охонниёзов В.Д. тааллуқ дорад, ба дасти хонандагон расид. Тадқиқоти мазкур аз нахустин иқдомот дар омӯзиши адабиёти навини тоҷик дар замони истиқлоли давлатии мамлакат ба шумор рафта, ба қисмати адабиёти тоҷик дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ихтисос дода шудааст.
Мусаллам аст, ки бо ба даст овардани истиқлол дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Маҳз ҳамин дигаргуниҳои шаклӣ ва мазмунии адабиёт дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон, ки тули 30-соли охир ба вуқуъ омаданд, ба таври илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аҳамияти амалӣ ва назарии тадқиқот ин аст, ки дар он нахустин маротиба мавзуъҳои адабиёти навини тоҷик, ки ба истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ рабт доранд, ба баррасии илмӣ кашида шудаанд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212