ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ НУР

ШАҲРИ НУР

21 феврал 2023, Сешанбе
39
0
Шаҳри Норак дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, масоҳаташ қариб 400 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз байни кӯҳҳое, ки Норакро ба оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Нор зеботарин ва баландтарин (1714 метр) мебошад. Ин шаҳри энергетикҳоро зиёда аз 40 миллати гуногун сохтааст. 
Норак ҳамчун шаҳри барқчиёни тоҷик дорои таърихи тулонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки дар давраи асри санг ин ҷо одамон зиндагӣ мекарданд. Чил ҳазор бозёфте, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.
Бо барқарор гардидани Ҳукумати шуравӣ, солҳои 20 – 30- юми асри 20 дар ин гӯшаи диёрамон ҳам, нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари ҳамонвақтаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. НБО «Норак» сохтмони умумииттифоқӣ эълон шуд ва аз тамоми гӯшаю канори кишвари шуравӣ бинокорону мутахассисон омаданд. Дар шаҳри Норак аз рӯзҳои аввал дар баробари сохтмони Неругоҳ, бунёду ба истифода додани манзилгоҳҳо, муассисаҳои табобатӣ, иншоотҳои маданию маишӣ ва ободонию кабудизоркунӣ авҷ гирифт.
Дар шаҳри Норак шакли нави ҳамкории иқтисодӣ – «Эстафетаи коргарӣ», ки сохтмон ва шаҳрро бо ҳама маводҳои зарурӣ пурра ва сари вақт таъмин мекард, тавлид ёфт. Ба шарофати он агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Норак» 15 ноябри соли 1972 пеш аз муҳлат ба кор андохта шуд. Дар натиҷаи  сохтмони Неругоҳи мазкур обанбори Норак ба вуҷуд омад. Пур кардани обанбор соли 1972 оғоз шуд, ки масоҳати он 98 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сари вақт ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Норак» ба истеҳсоли қувваи барқи арзон барои пешрафти саноати кишварамон заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон  ба кор даромаданд, ҳазорон гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Ёвону Данғара ба қитъаҳои сарсабзу хуррами ҳосилхез табдил ёфтанд.
Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ», аз ҷумлаи силсила – неругоҳҳои дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, 30 километр поён аз шаҳри Норак ҷойгир мебошад.  Ҷолиби диққат ин аст, ки дар ҳар ду Неругоҳ аз ҳисоби бонувон 221 нафар ҳамчун роҳбар, мутахассис, корманди техникӣ фаолият мекунад. Дар  офариниши нуру зиёи шаҳр онҳо ҳам, ҳиссагузоранд.
Хушбахтона, бо баракати соҳибистиқлолӣ шаҳри Норак рӯз ба рӯз симои нав касб мекунад. Барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии  кишварамон сохта ба истифода  додани иншоотҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд, ки ин дар боз ҳам баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад. 
Мардуми сарбаланди шаҳри Норак дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои созандагию бунёдкориҳои хеш қарор дода, дар ободонии Ватан саҳми арзандаи хешро мегузоранд. 
 
Нурулло ҲАСАНОВ, 
рӯзноманигор
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив