ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО УМАР КРЕМЛЁВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО УМАР КРЕМЛЁВ

27 октябр 2023, Ҷумъа
25
0


 
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуданд.
Ҳангоми суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Сарвари давлат иштироки фаъолонаи боксёрони тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалию минтақавӣ ва натиҷаҳои баланди бадастовардаи онҳоро тайи солҳои охир зикр намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дастовардҳои боксёрони тоҷик дар Бозиҳои осиёиро (шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин), ки дар онҳо боксёрони мо сазовори як медали тилло ва як медали биринҷӣ гаштанд, таъкид сохтанд.
Ҳамчунин, ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ин навъи варзиш андешида мешаванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамкории минбаъдаи судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс умед бастанд.

Санаи нашр: 27.10.2023 №: 213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив