ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

27 октябр 2023, Ҷумъа
77
0

 
Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии “Ҳилол” 
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабобод корхонаи парандапарварии “Ҳилол”-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Коргоҳи нав, асосан, ба парвариши мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад, эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиши иқтидори парваришу истеҳсол, дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ  ба дигар давлатҳо дар назар аст. Дар корхона 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” иқтидор дорад, дар як марҳала 70 ҳазор сар мурғи марҷон, кабк ва фазанро парвариш карда, дар як сол то 1 миллион сар парандаро нигоҳубин намояд.
Бо сабаби он ки, гӯшти мурғи марҷон, кабк ва фазан парҳезист, дар бозорҳои истеъмолӣ харидори зиёд дорад. Ифтитоҳи корхонаи “Ҳилол” таъминоти аҳолиро бо ин навъи маҳсулот хеле беҳтар месозад, зеро коргоҳ дар як сол иқтидор дорад то 300 ҳазор тонна гӯшти мурғро истеҳсол ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар корхона тамоми марҳалаҳои парвариш, аз инкубатсия сар карда,  то нигоҳубин ва забҳи паранда, амалӣ мегардад. Дар маҷмуъ, иншооти нав дорои биноҳои парандапарварӣ, коргоҳҳои инкубаторӣ-чӯҷапарварӣ ва забҳи паранда, сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, бинои маъмурӣ ва ошхона барои кормандон мебошад.
Тухми инкубатсионӣ, ки аз Фаронса, Русия, Англия ва Эрон ворид мегардад, дар коргоҳи алоҳида бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ парвариш мешавад. Коргоҳ дорои дастгоҳҳои пешқадам буда, вобаста ба тухми паранда, дар муҳлати аз 24 то 29 рӯз чӯҷа мебарояд. Дар оянда  талаботи сехи инкубатсионӣ аз ҳисоби истеҳсоли тухми худи корхона қонеъ мегардад.
Дар шаш бинои алоҳидаи муҷаҳҳаз парвариши паранда роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, мурғи марҷон, фазан ва кабк бо усули қафасӣ ва шакли маъмулӣ нигоҳубин шуда, ин марҳила ба тарзи автоматӣ амалӣ мешавад. Дар корхонаи парандапарварӣ раванди таъмини обу ғизо, тадбирҳои зооветеринарӣ, аз қабили ваксинакунии парандагон, тадбирҳои санитарию беҳдоштӣ ба таври худкор иҷро мегардад. Ҳамчунин, ҳарорати дохили биноҳои парандапарвариро бо истифода аз дастгоҳҳои насли нав ба таври автоматӣ назорат мекунанд. Васлу насби таҷҳизоти муосири соҳа ва имконияти мусоид ба парваришу дуруст вазнгирии кабк, мурғи марҷон ва фазан боис гардида, дар давраи парвариш кабк то 450 грамм, фазан то 1 килограмм ва мурғи марҷон вобаста ба зот аз 8 то 25 килограмм вазн хоҳанд гирифт.
Тавре иттилоъ доданд, парандаҳоро бо назардошти меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ дар сехи алоҳида забҳ мекунанд. Забҳхонае, ки дар корхона бунёд ёфтааст, бо дастгоҳҳои замонавии сохти Олмон ва Чин муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳое, ки барои забҳи фазан ва мурғи марҷон пешбинӣ гардидаанд, бори нахуст дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд. Ин сех, ки ба тарзи фабрикавӣ фаъолият менамояд, имконият дорад, дар як шабонарӯз то 21 ҳазор сар парандаро забҳ намуда, мувофиқи талабот бандубаст ва ба харидорон пешниҳод созад. Барои нигоҳубини маҳсулоти тайёр корхонаи навтаъсис дорои сардхона буда, дар он маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд нигоҳубин мешавад. Ин сардхонаи азим иқтидор дорад, ки якбора то 300 тонна маҳсулоти тайёрро нигоҳ дорад.
Иброз гардид, ки хӯроки паранда аз ҳисоби сехи алоҳидаи худи корхона  таъмин мешавад. Дар ин ҷо бо истифода аз компонентҳои алоҳида, ки аз хориҷи кишвар ворид шуданд, дар як моҳ то 43 тонна хӯроки омехтаи паранда истеҳсол мегардад.
Ҳадафи таъсиси корхонаи парандапарварии “Ҳилол” на танҳо таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ, балки афзоиши саршумори парандагони нодир дар кишвар низ мебошад. Зеро корхонаи мазкур ҳамасола дар баробари забҳ, ҳамчунин то 100 ҳазор сар парандаро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат сар дода, ба ин васила, дар зиёдшавии саршумори парандагони нодир, ҳифзи муҳити зист ва таъмини гуногунии биологӣ ҳисса мегузорад.
Бояд таъкид кард, ки ин корхона дар Осиёи Миёна ягона мебошад. Он дар масоҳати 4 гектар бунёд шуда, заминҳояш ҷиҳати парвариши маҳсулоти кишоварзие, ки барои омодакунии хӯроки омехтаи паранда зарур аст, истифода мешавад. Ҳамчунин, дар доираи бунёди корхонаи парандапарварии “Ҳилол” наздик ба 1 километр роҳи деҳаи Сароб таъмиру мумфарш гардид.
Зимни боздид ва шиносоӣ аз корхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корхонаи нав баҳои баланд дода, ба масъулон барои таъмини самаранокии фаъолият, истеҳсоли гӯшти аълосифати парҳезӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва зиёд кардани саршумори паранда дар табиат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи мазкур ва хоҷагии ҷангал дидан намуданд, ки дар он навъҳои гуногуни дарахт, тухм ва гӯшти кабк, мурғи марҷон ва фазан ба намоиш гузошта шуд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа дидан намуданд.
Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис ёфт.
Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду-се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамоянд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳосила” 1 гектарро ташкил дода, дар он кишти тирамоҳии ғалла ва макка барои дон гузаронда шуд. Инчунин, меҳнаткашон ҳамасола намудҳои гуногуни сабзавотро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод мекунанд.
Хоҷагиро сокини ноҳия Ҳосила Хоҷамқулова ташкил карда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани чанд ҳосил саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳа ва кишоварзонро вазифадор намуданд, ки  барои сари вақт гузарондани кишти тирамоҳӣ аз боду ҳавои мусоид истифода баранд.
Хоҷагидорон бо дарки он ки истифодаи мақсадноки замин боиси беҳтаршавии сатҳи зиндагии онҳо мегардад, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи мамлакат пайи заҳмати созанда мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар қитъа, таъмини фаровонӣ ва дар ҳамин замина расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самараи меҳнати кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Айни замон майдони умумии заминҳои корам дар ноҳияи Рӯдакӣ 19 138 гектарро ташкил медиҳад. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон фароҳам овард, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.
Дар намоишгоҳ деҳқонон дастовардҳои худро дар шаклҳои хеле ҷолибу диданӣ, аз қабили манораҳо аз меваву сабзавот ва ғалладонагиҳо пешниҳод карданд. Намоишгоҳи мазкур баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи бойи сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин буд.  Масъулон аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, бардоштани чанд ҳосил аз як қитъа ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маводи ғизоии баландсифат супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани мавсими зимистон, захираи маводи озуқа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

Бинои иловагии МТМУ №3 
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сомониён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуд. 
Сохтмони бинои иловагӣ соли 2021 оғоз ёфта, соли 2023 ба анҷом расид. Он аз таҳхона ва 24 синфхона иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ мешавад. Китобхона ва синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз шумули шароитҳоест, ки имкониятҳои Муассисаи навро комил месозад.  Саҳни Муассисаи таълимии сеошёнаро тибқи стандартҳои пазируфташуда зинат бахшидаанд.  Мувофиқи маълумотҳо, дар Муассиса 76 омӯзгор дарс дода, шумораи хонандагонаш 2450 нафарро ташкил медиҳад.  Иншоотро аз ҳисоби буҷети ноҳияи Рӯдакӣ ҶДММ “Бодома” бунёд кард. Ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ 40 нафар фаъолият намуд. Тарҳи иншоот аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” таҳия гардида, барои сохтмон беш аз 8 миллион сомонӣ сарф шуд. Дар назди Муассиса барои гузарондани машқу тамрин майдончаи замонавии варзиш бо тарҳи муосир бунёд гашт. Қарор аст, ки дар паҳлуи бинои нав, инчунин, толори болопӯшидаи варзиш сохта мешавад. Бинои иловагии МТМУ №3 ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин Муассисаи нави таълимӣ ва суҳбат бо хонандагону омӯзгорон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат бобати рушди соҳаи маорифи кишвар ибрози андеша карда, зикр доштанд, ки бояд фарзандони замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҳама гуна меъёрҳои илмомӯзӣ бархӯрдор бошанд. Гуфта шуд, ки ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷумлаи минтақаҳои сернуфуси мамлакат буда, теъдоди толибилмонаш ба 105 ҳазору 659 нафар мерасад. Таъкид гардид, ки дар ноҳия 137 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, шумораи омӯзгорон 4412 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи соли нави таҳсили 2023-2024 дар назди 14 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 82 синфхона барои 1968 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, то охири соли равон дар 18 мактаби дигар бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назар аст, ки аз 205 синфхона иборат буда, барои 4920 ҷойи нишаст пешбинӣ мегардад. Баъди ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст зина ба зина ҳалли худро пайдо мекунад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои боздид аз Муассисаи таълимӣ, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши густурдаи илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд ва омӯзгоронро вазифадор сохтанд, ки ба хотири тарбияи муҳассилин дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Зеро дар замони муосир бе инкишофи устувори соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рушди дигар бахшҳои иқтисоди миллиро таъмин кардан ғайриимкон аст.
Боғи фарҳангию фароғатӣ
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи мазкур дар кӯчаи Ҷавонон аз ҳисоби буҷети ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид. Масоҳати он 3,5 гектарро ташкил медиҳад. Даромадгоҳи иншоот бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, бо нақшу нигори диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Дар Боғ беш аз 800 бех дарахтони ороишию сояафкан парвариш мешаванд.
Ҳудуди боғро 4 фаввораи гуногун, ки бо истифода аз технологияи нав сохта шудааст, ҷилои дигар мебахшад. Роҳравҳо сафолакпӯшанд. Дар шафати роҳрав ва атрофи нишасткурсиҳову дигар гӯшаҳои боғ бо нигоҳи ҷадид ва аз рӯи дизайни ҷолиб 75 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола рӯидаанд. Масоҳати майсазори иншоот бошад, ба як гектар мерасад. Дар боғ иншооти хизматрасонӣ, аз қабили қаҳвахона бо 40 ҷойи нишаст, гӯшаҳои истироҳати калонсолон, нуқтаҳои дилхушии кӯдакона, майдончаи варзиш барои футболи хурд дар масоҳати 120 метри мураббаъ ва гӯшаи шоҳмотбозӣ мавҷуданд. 
Дар маркази Боғ рамзи пиряхро гузоштанд, ки нишона аз дастгирию тарғиби ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ” ва Соли ҳифзи пиряхҳо (2025), мебошад.
Дар ҳудуди иншоот барои таъмини фароғати наврасону ҷавонон нуҳ атраксион аст. Муҷассамаҳои ҳайвонот ва парандаҳои нодир, ки моҳирона сохта шуда, дар ҳар гӯшаи боғ ҷойгиранд, бозгӯ табиати бою рангини кишваранд.
Гулу дарахтони Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз 63 обпошаки замонавии ба таври автоматӣ фаъолияткунанда обёрӣ мешаванд. Дар қисми шимолии боғ гӯшаи қаҳрамонони ҷангу меҳнатро ташкил намуда, нимпайкараи шахсиятҳои маъруф ва лавҳаҳои хотиравиро гузоштаанд. Ҳудуди боғ дар шаб чароғон ва рангин аст. Дар сутунпояҳои баландиашон 2, 3 ва 6-метра зиёда аз 300 чароғаки равшанидиҳанда ва ороишӣ васлу насб карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншооти замонавӣ ба масъулон изҳори сипос намуда, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо муҳим шумурданд. Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ аз болои муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен парда бардоштанд.
Майдони назди муҷассама 750 метри мураббаъро ташкил дода, барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад. Атрофи муҷассама сабзазор буда, роҳравҳо сафолакпӯш гаштаанд.  Муҷассамаро ба хотири гиромидошти заҳматҳои қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен дар роҳи озодӣ гузоштаанд. Муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Баландии муҷассамаи навбунёд 12 метр буда, онро ҳайкалтарош Хуршед Ҳусейнов бо маҳорати баланд эъмор намуд. 
Дар гӯшаи дигари Боғи фарҳангию фароғатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ дар гӯшаҳои алоҳида ҳунарҳои кандакорӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, наққошӣ, ресандагию бофандагӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва армуғонҳои гуногунро ба намоиш гузоштанд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 маркази ҳунарҳои мардумӣ фаъолият мекунад ва ҳунармандон ҳар гуна маҳсулотро омода намуда, ба фурӯш мегузоранд. Дар марказҳои ҳунармандӣ, баробари омодасозии ҳар гуна лавозимоти рӯзгор ва армуғон, ҳамчунин ба сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ҳунарҳои дастӣ омӯзонда мешавад. Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои қадима диққати махсус зоҳир гашта, дар ин замина, ҳунармандон аз пардохти андоз озод шуданд. Ин иқдом дар эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик такон бахшид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати сокинони ноҳияи Рӯдакӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба касбомӯзӣ масъулонро муваззаф намуданд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи муфассали банақшагирии шаҳраку деҳот
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо лоиҳаи муфассали банақшагирии шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа шинос гаштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо, масъулон таъкид доштанд, ки дар асоси нақшаи генералӣ қисми аввали нақшаи муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шуд. Лоиҳаи мазкур фарогири биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 муассисаи таълимии ҳар кадом барои 3200 хонанда дар ду баст, 8 кӯдакистон барои аз 200 то 400 кӯдак, мактаби мусиқӣ, меҳмонхонаҳо, гулгаштҳо, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷои нишаст, майдонча ва толорҳои варзиш, навсозии бозори “Ганҷ”, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ дар назди беморхонаи марказӣ, беморхона барои касалиҳои дил, таҷдиди Қасри фарҳанг, васеъкунии роҳҳо ва ғайра мебошад.
Тибқи хулосаи геологӣ, лоиҳа аз ду қисм иборат буда, дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ, истиқоматию хизматрасонии 5-7 ва дар қисми дигар биноҳои 9-12-ошёна бунёд мешаванд. Зимни таҳияи лоиҳа санъати меъмории миллиро ба инобат гирифта, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмониро пешбинӣ кардаанд. Бо назардошти то соли 2040 қисман ворид шудани шаҳраки Мирзо Турсунзода ба нақшаи генералии пойтахти мамлакат, дар қисми ҷанубу шарқии он дар заминаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда дар масоҳати 10 гектар бунёди шаҳраки нав дар назар аст. Шаҳрак барои 3420 нафар пешбинӣ шуда, аз биноҳои маъмурии ҷамоати шаҳрак, 60 бинои баландошёнаи истиқоматии 12-18-ошёна, муассисаи таълимӣ барои 2400 хонанда дар як баст, кӯдакистон бо 480 ҷой, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, обанбор бо ғунҷоиши 1500 метри мукааб, бинои гармидиҳӣ, майдончаи варзиш ва майдонча барои бозии кӯдакон, гулгаштҳо ва ғайра иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мукаммал намудани шароит барои истиқоматкунандагони шаҳрак ба масъулон маслиҳатҳои муфид дода, зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри талаботи муосири шаҳрсозиро ҳатмӣ шумурданд.
Бо назардошти талаботи замони муосир, маркази маъмурии шаҳраки Навобод ва деҳоти Роҳатию Чортеппа ҳам таҷдид мешаванд. Лоиҳаи муфассали банақшагирии маркази маъмурии ҷамоатҳои мазкур фарогири биноҳои истиқоматии 5-7-ошёна, боғчаҳои бачагона барои 200 кӯдак, майдони рамзҳои давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда дар як баст, биноҳои маъмурӣ, маркази саломатӣ ва иншооти хизматрасонӣ мебошанд ва барои аз 1200 то 1400 нафар аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи ҶСК “Шаҳрофар” ва КВД “Лоиҳакаш”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таҳия гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои назорати пурраи ҷараёни корҳо ва таъмини сифати сохтмон муваззаф намуданд.

Мулоқот бо ятимон
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бо зиёда аз 60 ятим вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, нахуст, аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд. Дар мулоқоти имрӯза ба ятимони ноҳияи Рӯдакӣ, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба бепарасторон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари оростани хони пурнозу неъмат ва зиёфат, ба наврасону ҷавонони ятим, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, китоб, сарулибос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим гардид.
Ятимон ба Пешвои раиятпарвари худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд. Ҳангоми мулоқот ва тақдими туҳфаҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки барои беҳтаршавии шароити зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ, саривақтӣ ва самарабахш андешида мешавад. Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили рассомӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ки дастранҷи тарбиятдиҳандагону ятимон буданд, дар як гӯшаи боғ ба маъраз гузошта шуд.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро барои омӯхтани касбу ҳунар, омӯзиши  илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят намуданд. Чунки ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

Бинои маъмурии КИ ҲХДТ 
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир дар масоҳати 7 садяк замин бунёд шуд. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, буҷети ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб-соҳибкорони маҳалливу шахсони саховатпеша қомат афрохт. Паймонкори иншоот ҶДММ “Ёсин-сохтмон” буда, дар рафти корҳои созандагӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Иншоот сеошёна буда, дар қабати якум китобхона бо 1500 нусха адабиёт, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, дар ошёнаҳои дуюму сеюм ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, маҷлисгоҳ бо дарназардошти 100 ҷойи нишаст ҷойгиранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид, ба сифати корҳо баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати беҳтарсозии фаъолияти корӣ ва татбиқи ҳадафҳову барномаҳои ойинномавии ҳизб муваззаф намуданд.

Корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сарҷамъ” 
26-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппа корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сарҷамъ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ доданд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар бо саҳми соҳибкор Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Коргарони он нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, дар коргоҳ мустақилона таҷҳизотро идора менамоянд. Айни ҳол 30 нафари дигар аз бахшҳои коромӯзӣ гузашта истодааст. Оянда бо ба роҳ мондани истеҳсолот дар ду баст шумораи коргарон меафзояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона, ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар ноҳияи Рӯдакӣ заминаи хуби татбиқи ҳадафҳои панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд. 
Дар корхона 26 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, дастгоҳи гулзанандаи пойафзол, чор дастгоҳи бурандаи чарм ва 39 дастгоҳи дигари пойафзолдӯзӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардида, дар як рӯз 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол мешавад. Пойафзоли занона, мардона ва бачагона номгӯи молҳои дар корхона истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Маҳсулоти корхона ба бозори дохилӣ рақобатпазир буда, барои таъмини эҳтиёҷоти мардум ба фурӯш бароварда мешавад.  Баъди ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ” ва суҳбати самимӣ бо коргарон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд. Дар он 20 намуд пойафзоли занона, мардона ва бачагона ба маъраз гузошта шуда буд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир гашта, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд. 
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни ҳол 21 корхонаи истеҳсоли пойафзол фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳи соли равон 1 ҳазору 190 ҷуфт пойафзол истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти коргоҳ, барои дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Санаи нашр: 27.10.2023 №: 213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив