ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҲИ РОҒУН – ОБИГАРМ – НУРОБОД:  ИДОМАИ ИҚДОМИ СОЗАНДА ҶИҲАТИ БА КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ ТАБДИЛ ДОДАНИ ТОҶИКИСТОН

РОҲИ РОҒУН – ОБИГАРМ – НУРОБОД:  ИДОМАИ ИҚДОМИ СОЗАНДА ҶИҲАТИ БА КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ ТАБДИЛ ДОДАНИ ТОҶИКИСТОН

27 октябр 2023, Ҷумъа
41
0

 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушд ва беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт ба талаботи замон, аз тадбирҳои зарурӣ кор мегирад. Дар ин замина, баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар – табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад, ҳоло дар кишвар татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки яке аз онҳо Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Роғун – Обигарм – Нуробод” мебошад. 

ТАТБИҚИ МАРҲАЛАИ ЯКУМИ ЛОИҲА
Корҳои сохтмонӣ ва татбиқи Лоиҳа дар ин масир ҳанӯз моҳи июни соли 2021 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод оғоз ёфта буданд. Аз он давра то инҷониб бо ҷалби коргарону мутахассисон корҳои зиёди сохтмонӣ ба анҷом расида, натиҷаҳо назаррасанд. Шоназрӣ Ҷобиров, менеҷери Лоиҳаи мазкур, гуфт, ки дар марҳалаи якуми Лоиҳа кандани хокҳои корношоям ва сохтмони таҳкурсии роҳ ба анҷом расида, корҳои бунёди такядеворҳои сангин дар арафаи анҷомёбианд.  Дар марҳалаи якум ду нақб: «Қандак» бо дарозии 1610 метр ва «Қарағоч» 1701 метр пешбинӣ шудааст. Дар ҳар ду нақб ба ҳолати имрӯза корҳои кандани ҷинсҳои кӯҳӣ анҷом ёфта,  корҳои дигар ҷараён доранд.
– Ҳамзамон, тибқи Лоиҳа, бояд шаш пул сохта шавад, ки алҳол корҳои васлкунии болорҳои оҳанин ва бетонӣ дар онҳо идома доранд. Инчунин, хобондани 86 лӯлаи обгузари қутрашон гуногун дар нақша аст, ки то имрӯз 83-тои он хобонда шудааст. Ба ҳолати имрӯза сохтмони қабати таҳкурсии асфалт (5 км) ба анҷом расида, мумфаршкунӣ оғоз ёфтааст, – мегӯяд Ш. Ҷобиров. 
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди “Роғун – Обигарм – Нуробод” идомаи иқдомоти давлатии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад ва кор дар ин масир, тавре мо шоҳид гаштем, бо ҷалби мутахассисони касбӣ ва техникаву механизмҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд ҷараён дорад. Сохтмони роҳ аз ду марҳила иборат буда, марҳалаи якум 30 километр ва марҳалаи дуюм беш аз 45 километрро дар бар мегирад.
 Айни ҳол дар марҳалаи якум 976 коргар ва 146 текникаву механизмҳо ҷалб шудаанд. Аз шумораи умумии коргарон 200 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, боқимонда сокинони маҳаллӣ мебошанд. 

ТАЪМИРИ 11 КИЛОМЕТР РОҲИ ДАРОМАДГОҲИ РОҒУН ТО МАРКАЗИ ШАҲР
Гуфтан ба маврид аст, ки дар марҳалаи якуми Лоиҳаи  мазкур роҳи мошингард аз даромадгоҳи шаҳри Роғун то маркази шаҳр, ки 11 километр дарозӣ дорад, сохта мешавад. Ин қисми роҳ барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии шаҳри Роғун аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориши Сарвари давлат соли 2022 оғоз ёфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ, ки моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирифт, аз рафти корҳои таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дидан намуданд ва барои бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳо дар ин масир супоришҳои мушаххас доданд, то ки ин роҳ ба мардум садсолаҳо хизмат кунад.  Бино ба гуфтаи Шоназрӣ Ҷобиров, дар ин масир лӯлаҳои обгузар пурра хобонда шуда, мумфаршкунии зиёда аз 10 км роҳ ба анҷом расидааст.
Сокинони шаҳри Роғун аз навсозии роҳи даромад ба шаҳри Роғун, ки солиёни зиёд рӯи таъмирро надида буд, руҳу илҳоми тоза гирифта, ин дастгирӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самараи сулҳу ваҳдат, истиқлолияти комил ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат медонанд. 

РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ОБИГАРМ – НУРОБОД, МАРҲАЛАИ ДУЮМ: ТАГИКАМАР – НУРОБОД  
Роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти кишварро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Сохтмони ин роҳ аз моҳи феврали соли 2021 оғоз ёфтааст.
Мақсади асосии сохтмони иншооти мазкур таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин, сарфа кардани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, – мегӯяд Шералӣ Раҳмон, менеҷери Лоиҳа. 
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи Лоиҳа сохтмони ҳашт пул дар нақша аст. Аз ҷумла, шаштоаш навсозӣ, яктоаш барқарор мешавад ва дигараш муваққатӣ мебошад. Инчунин, хобондани 77 лӯлаи обгузар, бунёди 205 такядеворҳои оҳанию бетонию сангин ва нақби мошингузар бо дарозии 2589 метр ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба гуфтаи масъулон, роҳи асосӣ аз чор қитъа иборат буда, то имрӯз дар тамоми қитъаҳо ва роҳи муваққатӣ тоза ва решакан кардани рустаниҳо ва буридани дарахтон ба анҷом расид. Сохтмони поядеворҳои сангин ва оҳану бетонӣ айни ҳол дар ҳаҷми зиёда аз 174 ҳазор метри мукааб анҷом ёфтааст. 
Сохтмони нақби “Тагикамар”, ки  дарозиаш 2589 метр аст, идома дорад ва то имрӯз  1815 метри он канда шудааст. Мустаҳкамсозӣ, бетонрезии деворҳои нақб иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Навсозии ин роҳ барои сокинони маҳаллӣ шароит фароҳам овард, ки соҳиби ҷои кор ва маоши баланд гарданд ва дар обод намудани Ватани хеш саҳми арзанда гузоранд. 
Роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат аст. Паҳноии стандартии он аз 12 то 15 метр буда, канори ду тарафи роҳ 2,5 метрро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди мазкур баъди пурра навсозӣ шудан ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ мегардад. Ҳадафи асосии татбиқи ин Лоиҳа таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»,
Душанбе – Роғун – Душанбе  

Санаи нашр: 27.10.2023 №: 213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив