ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗОБОД. СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

ФАЙЗОБОД. СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

21 феврал 2023, Сешанбе
84
0
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳа дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.
 
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фаъолияти кормандони соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо беҳтар намуда, барои таҳсилоти босифат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро такмил  бахшем ва самарабахшии кори онҳоро таъмин намоем, – гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағоймурод Ғуломов.
Айни ҳол, дар ноҳия 65 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 4 кӯдакистон. Дар онҳо 26 ҳазору 992 хонанда таълим мегирад. Инчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази эҷоди наврасону кӯдакон дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд. 
Маврид ба зикр аст, ки  соли сипаришуда, аз ноҳия 19 хатмкунанда бо Квотаи президентӣ, аз ҷумла 7 духтар, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд. 
Дар зарфи 31 соли  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод 29 муассисаи таълимии хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти  муосир бунёд ёфтааст. Боиси хушҳолист, ки қисме аз онҳо бо иштироки  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтаанд. 
– Ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 12 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 20 сентябри соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сари Чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 аз тарафи соҳибкор Ҳалима Худоёрова бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар деҳаҳои Ҷавонон, Баҳористон, Заркамару  Навобод ва Навбаҳор низ, аз тарафи соҳибкорону саховатмандон муассисаҳои таълимӣ бо беш аз 400 ҷойи нишаст бунёд гардиданд. 
“Ғулом Ғафуров, аз зумраи соҳибкоронест, ки дар шаҳраки Файзобод барои 100 хонанда муассисаи хусусии томактабӣ сохта ба истифода дод”, – афзуд мудири маориф.
Боиси таъкид аст, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия наздик ба 40 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар оғози соли хониш 11 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 4, 42, 58 ва китобхонаи МТМУ № 63 ба истифода дода шуд. Айни замон корҳои сохтмонию азнавсозӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома доранд.
Ба ифтихори ҷашни миллӣ дар деҳаҳои Заркамар, Боғи мир Шукурӣ ва Дараи Алов  муассисаҳои таълимӣ ва дар назди ин муассисаҳо бунёди майдони хурду толори варзиш идома дорад. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои №№31, 43, 48  синфхонаҳои иловагӣ сохта хоҳанд шуд.
–  Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ, тамоми саъю кӯшиши худро барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона сохта, соли таҳсили равонро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад кард, – гуфт дар хотимаи суҳбат Тағоймурод Ғуломов.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив