ТИБ. АЗ ҶАСОРАТ ТО САДОҚАТ
Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тули асрҳо аҷдодони донишманди мо, ба мисли Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳо мутафаккирони дигар, ганҷинаи бебаҳои ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.
Мусаллам аст, ки ҳар сухан ва рафтори кормандони тиб, хулқу атвор, имову ишора, авзои руҳӣ ва ҳолати ӯ дар ҳаёти бемор ва оқибати беморӣ таъсири мусбат ё манфӣ мерасонад. Биноан, мавзуи ахлоқу одоби табибӣ аз қадимулайём як қазияи умдаи тиб ба шумор меравад ва таваҷҷуҳи табибони тамоми ҷаҳонро ба худ мекашад, зеро ҳеҷ пешае чун табибӣ ба ахлоқи наку ниёзманд нест.
Муҳаммад Закариёи Розӣ ба табибон ва толибони табибӣ фармудааст: “Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд босаводу фурӯтан ва мардумдӯст, бомулоҳиза ва дурандеш бошад, мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накуманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз молпарастиву мансабҷӯӣ рӯ метобад. Ба замми ин, ӯ бибояд шифогари закию доно бошад”.
Имрӯз дар ҷамъияти табибони тоҷик шахсиятҳоеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки, воқеан, дар фаъолияти худ арзандаи суханони Муҳаммад Закариёи Розӣ ҳастанд. Эҳсон Элмуродов аз зумраи чунин табибон аст. Номбурда пас аз хатми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино аз соли 2011 то ҳол ҳамчун табиб-уролог дар МДММТ “Шифобахш” фаъолият дорад. Тули фаъолияти меҳнатӣ курсҳои “Урологияи таъҷилӣ”, “Эндоҷарроҳӣ” ва “Андрология”- ро бомуваффақият гузаштааст. Аз дасти ин табиби соҳибтаҷриба садҳо дардмандон шифои комил ёфтаанд.
Ба андешаи мутафаккири испанӣ Фернандо де Рохас, “Чеҳраи кушоди табиб маънои онро дорад, ки бемор ба табобат шуруъ мекунад”. Хусусияти хоси Эҳсони эҳсонкор ҳам ҳамин аст, ки бо маризон бисёр муносибати самимӣ ва чеҳраи кушод дорад. Андешаи Абуалӣ ибни Сино, ки гуфта буд: “Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст” сармашқи кори ин табиби соҳибэҳтиром гардидааст. Мудири кафедраи ҷарроҳӣ ва технологияи муосир, доктори илми тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ фаъолияти табиби ҷавонро мусбат арзёбӣ намуда, мегӯяд: “Эҳсон ҳарчанд ҷавон аст, хоксор, дорои хулқу атвори ҳамида буда, дар байни ҳамкорон соҳибэҳтиром мебошад. Бо чунин табибон кор кардан бароям ифтихор аст”.
Дар ҳақиқат, Эҳсон Элмуродов дар баробари анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаби урологӣ, боз дар тарбияи мутахассисони ояндаи соҳа саҳм дорад.
Муҳсин ШАРИФОВ, дотсенти ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода
Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214