ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮШОНИЁН. 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ!

КӮШОНИЁН. 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ!

30 октябр 2023, Душанбе
32
0

 
– Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагию ободкорӣ бомаром идома доранд. Мардум дар фазои осоишта бо хотири ҷамъ баҳри боз ҳам шукуфоии кишвар якдилона заҳмат мекашанд. Сокинони ноҳияи Кӯшониён дар қатори дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста пайваста дар  талошанд. Аз ин ҷост, ки дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо ба чашм мерасанд, –  иброз дошт раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода дар суҳбат бо хабарнигорони “Ҷумҳурият”. 
Мавсуф оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон чунин баён намуд:
– Тибқи маълумоти раёсати молияву нозироти андоз, нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 102 фоиз иҷро  гардид. Қисми даромади буҷет, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 100,1 фоизро ташкил дод. 
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия 54 миллиону 756 ҳазору 874 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардид, ки ба 99,2 дарсади нақшаи пешбинишуда баробар аст.
Иҷрои қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,2 фоиз буда, нақшаи нуҳмоҳаи соли ҷорӣ  106 миллиону 819 ҳазору 973 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 105 миллиону 948 ҳазору 776 сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 15 404 551 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 1 495 261 сомонӣ кам шудааст. 
Корҳо дар самти  ҷалби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ назаррасанд. Мутобиқи маълумоти нозироти андози ноҳия, тариқи «Равзанаи ягона» дар ноҳия 3628 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта  шудааст. 
Айни замон дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи 158 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА амалӣ мегардад, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021-2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 222,182 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.  
Тибқи маълумот, аз аввали амалишавии Барнома ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ 56 лоиҳа ба маблағи 63,2 миллион сомонӣ ё ин ки 28,4 фоиз  таъмин гардидааст. 
Соҳаи саноат дар боло бурдани сатҳи зиндагӣ, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ ва ғанӣ гардондани буҷет нақши муҳим мебозад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия ба 246 миллиону 775 ҳазору 400 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 841 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 7180,2 тонна орд, 1389,5 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 27,1 тонна шираи рустаниҳо, 3266,2 тонна равғани рустанӣ ва 581,1 тонна ресмони пахтагин истеҳсол шудааст. Тайи нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия корхонаҳои парандапарварӣ, коркарди пахта ва сангу шағал ба  фаъолият оғоз намуданд. 
Аз 44 корхонаи саноатӣ ба ҳолати имрӯза 11-тои он бо сабабҳои гуногун фаъолият накард. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони масъул ҷиҳати бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои мавҷуда, бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд. Аз ин ҷост, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия чор корхонаи нави саноатӣ бунёд шуд. Бо мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани онҳо, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳи зиндагии сокинони ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.
Роҳҳо пайвандгари қалбҳо буда, тавассути онҳо эҳтиёҷоти мардум бароварда мегарданд.  Дарозии роҳҳои ноҳия 231,9 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 34,8 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, 18,7 километр аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 178,4 километр аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз тарафи Вазорати нақлиёт 327,6 ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 399,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар асоси нақшаи тасдиқгардида, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар нуҳ моҳи сипаригашта 5,9 километр роҳ сангфарш, як пул таъмир ва 5,2 километр роҳ мумфарш шуд. 
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия маҳсуб мешавад. Деҳқонони ноҳия дар ин давра дастаҷамъона заҳмат кашида, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 1 миллиарду 625 миллиону 390 ҳазору 700 сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 миллиону 491 ҳазору 100 сомонӣ зиёд аст.
Кишоварзон барои ҳосили соли 2023 дар майдони 3607 га (гектар) ғалладонагӣ, 10974 га зироатҳои техникӣ, аз ин 10820 га пахта, 1021 га картошка, 3371 га сабзавот, аз ҷумла 265 га пиёз, 254 га полизӣ ва 3186  га зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд. Моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 28262 тонна ғалладонагӣ, 19226 тонна картошка, 126141 тонна сабзавот, 12854 тонна полизӣ, 14914 тонна меваҷот ва 4953 тонна ангур  истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2370 тонна ғалладонагӣ, 1117 тонна картошка, 1236 тонна полизӣ ва 1003  тонна меваҷот зиёд мебошад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон дар якҷоягӣ бо сектори аҳолӣ ба 71513, моли майда 86017, паранда 134795, асп 1092 сар расонда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 саршумори чорвои калон 959 сар, моли майда 1982 сар ва паранда 48840 сар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ  чорводорони ноҳия якҷоя бо сектори  аҳолӣ 5612 тонна гӯшт, 25474 тонна шир, 2952,9 ҳазор дона тухми мурғ, 138,4 тонна пашм, 9,6 тонна пилла, 28 тонна асал ва 2,5 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 тонна гӯшт, 1169 тонна шир, 153,8 ҳазор дона тухми мурғ, 1 тонна асал ва 4,9 тонна пашм зиёд мебошад. Дар мавсими корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар ноҳия  53 ҳазору 500 бех ниҳол шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 100,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. 
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия фаъолияти хубро ба роҳ мондааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1856 нафар корҷӯ муроҷиат кард, ки аз ин шумора 1046 нафар зан мебошад.
Дар ин давра 18 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гардид, ки дар онҳо 60 корхона ва зиёда аз 370 нафар корҷӯй иштирок намуд. Ба воситаи ярмаркаҳо, 1493 нафар бо кор таъмин шуд. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи 7 ихтисос, аз қабили дӯзандагӣ, чакандӯзӣ, муҳосибӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, қаннодӣ ва кафшергари барқӣ, ташкил гашта, 160 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуд.  Барои рушди соҳибкорӣ ба 19 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 79 ҳазору 400 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.  Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 2085 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.  
Дар ин давра музди миёнаи маоши кормандон дар ноҳия 1305,83 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 295,6 сомонӣ зиёд аст. Қарздории музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия вуҷуд надорад. 
Дар ноҳия ба соҳаи маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии соҳибкорон, кумитаи падару модарон, Вазорати маориф ва илм дар назди ҳафт муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва дар назди ду муассисаи таълимӣ сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 20 синфхона бо 250 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад. Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ дар назди шаш муассисаи таълимӣ 38 синфхонаи иловагӣ ва дар назди як муассисаи таълимӣ бинои иловагӣ иборат аз нуҳ синфхона ва як ҳуҷраи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. 
Барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо сарулибоси ягонаи мактабӣ бо корхонаҳои дӯзандагии дар ноҳия фаъолияткунанда – ҶДММ “Гесу” ва ташкилоти ҷамъиятии “Наҷиба”  шартнома баста шудааст. 
Айни замон дар донишгоҳҳои олии кишвар 6695 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ 17 нафар таҳсил мекунанд.
Дар ноҳия 44 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 8 кохи фарҳанг, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 29 китобхонаи деҳотӣ, филармонияи халқӣ, боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва  мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат мерасонад. 
Соҳаи тандурустӣ  дар ҳифзи саломатии  шаҳрвандони кишвар нақши муҳим дорад. Айни замон дар соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯшониён 160 духтур фаъолият мекунад. 
Беморхонаи марказӣ аз ҳафт шуъбаи бистарикунонӣ, як шуъбаи ёрирасон ва чор ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Дар бахши госпиталӣ 445 кат барои бистарикунонии беморон омода буда, дар нуҳ моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ 5959 нафар бемор бистарӣ шуда, 5865 нафар пурра табобат гирифт. 
Барои ба машқварзӣ ҷалб намудани ҷавонон дар ноҳия  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тибқи маълумоти мавҷуда, шумораи ҷавонони ноҳия 75018 нафар мебошад, ки аз ин 57800 нафар хонандагони муассисаҳои таълимианд. Дар ноҳия айни замон 52 майдонча  ва ҳашт толори варзиш, инчунин, ду  ҳавзи шиноварӣ  мавҷуд аст. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 18 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо 578 кӯдаку наврас дар 60 гурӯҳ ба тамрин фаро гирифта шудааст. 
Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 68 медали тилло, 49 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида,  ду медали нуқра ва се медали бинҷӣ ба даст оварданд. 
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳия то ин Ҷашни фархунда бунёду тармими 252 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Як нукта боиси зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иқдом гирифтааст, ки бо ҷалби соҳибкорон иқтидори корхонаҳои мавҷударо бо ворид намудани техника ва технологияҳои ҳозиразамон баланд бардорад. Ҳамзамон, дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ  сохтмони як қатор корхона ва коргоҳҳои нави саноатиро  ба роҳ монад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив