ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «РУХОМ». КОРГОҲЕ, КИ ЗЕБОӢ МЕОФАРАД

«РУХОМ». КОРГОҲЕ, КИ ЗЕБОӢ МЕОФАРАД

01 ноябр 2023, Чоршанбе
29
0

Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум карда, дар инсон завқи бадеиро ташаккул медиҳанд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонанд. Гузаштагони зебоипарасти мо тули ҳазорсолаҳо нақшу нигори дилписандеро барои абадӣ ба наслҳои оянда мерос гузоштанд, то бо ҳунари дастони онҳо қадимӣ будани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардад. 

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, аҷдоди мо аз  қадим бо ҳунарҳои дастии худ, аз қабили гулдӯзиву зардӯзӣ, муҳрабофию ҷуробдӯзӣ, оҳангарию чуянгарӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мадумӣ шуҳрат пайдо карда буданд. Яке аз ҳунарҳои маъмули миллати тоҷик сангтарошӣ мебошад. Аз давраҳои қадим косибони мо аз санг ҳар гуна ороишот барои хонаву роҳравҳо, армуғонҳои гуногун ва гарданбанду дастпона омода менамуданд. Мутаассифона, муддате ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Хушбахтона, бо ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон он дигарбора эҳё шуд. Эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ба рушди ҳунарҳои дастӣ такон бахшид ва аз ҷониби   ҳунармандони  маҳаллӣ ва соҳибкорон  хуш пазируфта шуд. 
Дар баробари дигар корхонаву коргоҳҳои хурду миёна, ки ба ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, ҶДММ «Рухом» низ яке аз ширкатҳое маҳсуб мегардад, ки муаррифии ҳунарҳои мардумиро ба уҳда дорад ва дар ин самт муваффақ ҳам гардидааст. “Рухом” тули сӣ соли фаъолияти хеш ба коркарди сангҳои нодири Ватан машғул аст. Асоси фаъолияти кории “Рухом” ин омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои ранга ва ороишӣ мебошад. Самти дигари фаъолияти корхона ин корҳои илмӣ-оммавӣ оид ба омӯзиши фанҳои табиии заминшиносӣ, сохтани коллексияҳои бойигариҳои Тоҷикистон аст. Маҳсулоти асосии истеҳсолии корхона муҳра, тасбеҳ, гарданбанд, дастпона, овеза барои калидҳо, шамъдон, гулдонҳо, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоти молҳои армуғонӣ мебошад, ки дастӣ коркард мешаванд. Ҳар гуна офаридаҳои аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон омодашуда, ки сайёҳон онро чун армуғон бо худ мебаранд, муаррифгари кишвари соҳибистиқлоламон аст. Маҳсулоти корхона харидорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар, аллакай, пайдо кардаанд.
– Ҳарчанд бештари харидорони маҳсулот дар бозори дохилии кишвар бошанд ҳам, вале айни замон бо давлатҳои муштаракулманофеъ барои ташкили намоиш-фурӯши маҳсулот робитаи зич ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати мутамарказ гардондани базаи корхона соли 2005 гӯшаи “Роҳи Абрешим” роҳандозӣ гардид, ки дар он маҳсули дасти ҳунарҳои мардумӣ ҷамъоварӣ шудааст. Корхонаи мазкур дар бисёр чорабиниҳои сатҳи олии ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Экспо 2005” (Ҷопон), “Экспо 2010” (Ҷумҳурии Мардумии Чин), намоишгоҳи “20-солагии ИДМ” (Москва), “Экспо – Ёсу-2012” (Кореяи Ҷанубӣ), “Экспо АвруОсиё-2012” (Ҷумҳурии Мардумии Чин), “Экспо – Остона-2017” (Қазоқистон), “Экспо 2019” (Ҷумҳурии Мардумии Чин), "Намоиши ЮНЕСКО-2021" (Париж) Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Соли 2006 ҶДММ “Рухом” узви Ассотсиатсияи осиёимиёнагӣ оид ба дастгирии ҳунарҳои мардумӣ шуда, пайваста дар номгӯи маснуоти ҳунарҳои мардумӣ корхонаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф мегардад. Айни ҳол дар корхона 72 нафар бо маълумоти олӣ  фаъолият менамояд, ки қисми зиёдаш дорои ихтисоси геологӣ мебошад, – гуфт Муфарраҳ Муҳаббатов, директори генералии ҶДММ “Рухом”.
“Рухом” дар оянда нақша дорад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои корӣ ва муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва сангҳои нодири Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамкориро бо дигар корхонаҳои коркарди санг дар хориҷи кишвар ба роҳ монад.

Гулнисои САЪДОНШО, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив