ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИК ВА ТОҶИ ОФТОБ»

«ТОҶИК ВА ТОҶИ ОФТОБ»

07 ноябр 2023, Сешанбе
27
0


Нашри ин китоб барои хонандагоне, ки мехоҳанд ба асрори шеъру эҷоди Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ошно шаванд, муҳим ва саривақтӣ мебошад. Инчунин, он кори муҳаққиқонро дар мавриди пажӯҳиши осори адиб осон менамояд. 
Ҳақназар Ғоиб 60 сол аст, ки эҷод мекунад. Аз шоирони сермаҳсул маҳсуб мешавад. Навиштаҳояш ба дилҳои хонандагон роҳ ёфтааст. Онҳо хонандаро ба худшиносӣ, дӯстдории Ватан, шинохти зебоиҳои кишвар, муҳаббат доштан ба инсонҳои ин олами ҳастӣ, ҳидоят мекунанд. Худи шоир дар оғози китоб барҳақ таъкид менамояд:
Ба ёд оред агар, оям ғазалхон,
Ба ҳақгӯ Ҳақназар оям ғазалхон. 
Пас аз садсолаҳо ҳам аз раҳи ишқ
Ба лабҳо шеъри тар оям ғазалхон.
Ҳамин тавр, дар китоб навиштаҳои шахсиятҳои бузургу маъруфи кишвар ва берун аз он бо ёдномаҳои шоир ва пораҳои шеърияш ҷой дода шудаанд. Бешак, ин ҳама аз эътирофи онҳо ба эҷод ва мавқеи устувору шоистаи шоир гувоҳӣ медиҳанд. 
«Яке аз ҳадафҳои муаллиф ба вуҷуд овардани гуфтугӯйи тамаддунҳо ва фазои солими ҷаҳонбинист. Мақсади ниҳони Ҳақназар Ғоиб мисли Муҳаммад Иқбол ба мусолиҳа хондани Ғарбу Шарқ ва ба ҳам омадани инсон дар сайёраи Замин аст» – навиштааст Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, навиштааст: «Мавзуъҳои иҷтимоӣ, таърихӣ, устуравӣ асоси андешаҳои  ӯро мураттаб месозанд. Вале ин ҳама як паҳлуи эҷоди ӯст. Мавзуъҳои табиат, ишқу ошиқӣ, лаҳзаҳои нотакрори ҳаёти мардуми диёр, шахсияти ӯро пурра менамоянд. 
Сухани ӯ табиӣ ва самимист. Аз ин ҷост, ки тез ба дил роҳ меёбад».
Муҳаммадризо Тоҷдинӣ,  шоир, нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ чунин нигоштааст: «Ба ҳар ҳол Ҳақназар Ғоиб ҳамчун бузургон ва андешамандони тули таърих ҳамвора ғами Шарқро хӯрда, ки чаро Шарқ бо азамат ва бузургии фарҳангу тамаддун, фалсафаи худро пай набурдааст, чаро то кунун ба хештаншиносӣ ва дарки дурусти худ ва ҷаҳон нарасидааст…».
Шеърҳои шоирони маъруфи тоҷикро низ, ки ба Ҳақназар Ғоиб бахшидаанд, хонанда аз ин китоб пайдо карда метавонад. 
Ҳамин тавр, нашри ин гуна китобҳо барои илми адабиётшиносӣ, ибратомӯзӣ бисёр зарур аст. Албатта, бо дарки ин зарурат Ҳақназар Ғоиб  «Тоҷик ва тоҷи Офтоб (китоби сеюм)»-ро нашр намудааст.

Абдулқодири Раҳим, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 07.11.2023 №: 218-219
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив