ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
22
0

 
8-уми ноябр дар Қасри миллат, дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор шуд.
Дидору гуфтугӯҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ оғоз гашта, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд. Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён доштанд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Изҳори бовар шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд буд.   
Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду кишвар ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар зимн, мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид гашт.
Бо назардошти аҳамият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд, дар раванди густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ шуд. Дар баробари ин, бештар фаъол гардондани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳ дар ҷодаи дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон шарти муҳим дониста шуд.
Пешвои миллат тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муносибатҳо арзёбӣ карданд. Нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ҷаласаи навбатии он, ки дар назар аст, ояндаи наздик дар Душанбе баргузор гардад, дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду кишвар таъкид гардид. Ҳамчунин, мусоҳибон ба зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030  ишора намуданд.
Гузашта аз ин, ҷонибҳо роҳандозии тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳиро бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи давлатҳо донистанд.
Фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода муаррифӣ гардиданд.
Сарварони давлатҳо аз баргузории доимии форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар ба сифати заминаи мусоиди ин раванд  ҷонибдорӣ карданд. Идомаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ шуд.
Мусоҳибон аз татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, истиқбол намуда, истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барои ду кишвар манфиатовар донистанд.
Соҳаҳои тандурустӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо аз самтҳои  ояндадори ҳамкории Тоҷикистону Эрон эътироф гардиданд.
Бо ишора ба шароити мавҷуда, мусоҳибон ҷиҳати густариши муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва содагардонии низоми рафтуомадро дар ин замина мувофиқ ҳисобиданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ донистанд. Дар баробари қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор шуд.
Зимни музокирот, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ, табодули афкор сурат гирифт. Аз натиҷаи музокирот бастаи нави санадҳои дуҷонибаи  ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақвият мебахшад.

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив