ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

10 ноябр 2023, Ҷумъа
12
0

 
9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ  бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев вохӯрданд.

Ҷонибҳо масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.
Изҳори умед шуд, ки ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, барои инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду кишвар ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад намуд.
Мусоҳибон барои дар доираи ин сафар баргузор кардани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, маҳфили «Шоми дӯстӣ», намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ, ба мувофиқа расиданд.
Сарварони давлатҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив