ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД СУЛАЙМОН АЛ-ҶАССЕР

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД СУЛАЙМОН АЛ-ҶАССЕР

13 ноябр 2023, Душанбе
11
0


11-уми ноябр дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер мулоқот карданд.

Қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд таъкид гардида, саҳми он дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуд.
Тавре зикр гашт, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намуд, ки маблағи онҳо 726 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон шаш лоиҳаи Бонк ба маблағи 195 миллион доллар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрии заминҳо, маориф ва тандурустӣ мавриди татбиқ қарор дошта, Бонк амалисозии боз чор лоиҳаи сармоягузории иловагиро пешбинӣ намудааст, ки маблағи онҳо ба 355 миллион доллар мерасад.
Зимни вохӯрӣ, ҳамчунин, барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, пешниҳодҳои судманд баён гардида, иштироки Бонки исломии рушд дар амалӣ сохтани ин лоиҳаи бузурги гидроэнергетикӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Мусоҳибон, инчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорию сармоягузории Бонкро дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, иштирок дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мамлакатамон, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ, татбиқи лоиҳаи барномаҳои таҳсилоти касбӣ ва техникӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд-ро барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив