ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗОБОД. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

ФАЙЗОБОД. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

13 ноябр 2023, Душанбе
9
0


Дар ноҳияи Файзобод барои баланд бардоштани мақому манзалати бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бино ба иттилои Раъно Давлатзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, саҳми занон дар пешрафти самтҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррас буда, дар соҳаи маориф 735 ва тандурустӣ 502 зан самаранок фаъолият мекунад. 651 зан роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дар маҷмуъ, 682 нафар дар мансабҳои роҳбарикунандаи ноҳия адои вазифа менамояд. 

Яке аз масъалаҳои муҳим ин бо шуғл фаро гирифтани занон мебошад. Ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 458 нафар занону духтарон муроҷиат намуданд. Дар натиҷаи тадбирандешӣ 263 нафар бо кори мавсимӣ,    127 нафар ба касбомӯзӣ ва 82 нафар тавассути квота бо кор таъмин шуданд. 
Айни замон дар ноҳия 6 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 60 бону бо кори доимӣ таъмин аст.
Боиси тазаккур аст, ки тули бисту шаш сол аз ноҳия 241 духтар тибқи Квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Ҳамчунин, бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оила бонувон аз  грантҳои президентӣ бархӯрдор мешаванд. 
Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани бонувони хонашин бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои дахлдор дар 77 деҳаи ноҳия суҳбату мулоқотҳо гузаронд. 
Занони фаъоли ноҳия дар озмунҳои “Бонувони шуҷои Ватан”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Сад ранги чакан”,“Таомҳои миллӣ” ва “Зеби дастархон” иштирок карданд. Аз ҷумла, Парвина Сангинова, котиби Ҷамоати деҳоти Вашгирд дар даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон”, ки дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030  дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, мақоми аввалро гирифт. 
Бояд гуфт, ки занону духтарони ноҳия дар баробари ҳунаромӯзӣ, ба намудҳои гуногуни варзиш низ рағбати зиёд доранд. Айни ҳол ду зан мураббии мактаби варзишӣ буда, 66  бону дар намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили таэквондо, волейбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, тамрин мекунанд.Соли ҷорӣ дастаи занонаи волейболбозони ноҳия дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоми корманди шоистаи Иттиҳоди Шуравӣ Нур Одина иштирок намуда, сазовори ифтихорнома шуд.
– Кормандони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бо занону духтарони маркази шаҳраку деҳаҳо робитаи зич дошта, дар бартараф намудани мушкилоташон ёрии хешро дареғ намедоранд, – гуфт Раъно Давлатзода.

Гулнисои САЪДОНШО,  
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив