ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

14 ноябр 2023, Сешанбе
158
0


13-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Кодекси фазои ҳавоӣ, қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи занбӯриасалпарварӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таъмини бехатарии фазои ҳавоӣ, рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти самтҳои дигари ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив