ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯРМАРКА.  ХУҶАНД НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

ЯРМАРКА.  ХУҶАНД НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

14 ноябр 2023, Сешанбе
11
0

Доиршавии намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар таҷрибаи ҳаррӯзаи рӯзгори мо чизи нав нест, хусусан барои сокинони шаҳрҳои калони саноатӣ, даҳсолаҳост, ки  ба анъанаи доимӣ табдил ёфтааст.  Ҳамасола  дар  манотиқи гуногуни кишвар  дар арафаи идҳо ва рӯзҳои истироҳатӣ  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. Тибқи  дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  маҳсулоти пешкашшуда бояд ба таври кофӣ бошад ва, муҳимтар аз ҳама, аз нархи  бозор  20-30 дарсад арзонтар пешкаши аҳолӣ шавад. Ҳамин аст, ки мардуми кишвар  баргузории чунин  намоиш-фурӯши маҳсулоти ғизоиро бесаброна, хосатан дар мавсими тирмоҳу зимистон, мунтазир мешавад.

Бо дарназардошти он, ки дар шаҳрҳои саноатӣ дастрасии  маҳсулоти кишоварзӣ то ҳадде мушкилтар аст, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд,  асосан,  дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол баргузор мегардад.  Солҳои охир  бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини муътадили аҳолии кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти зарурии ғизоӣ  ярмаркаҳо бидуни иду айёмҳо, акнун  ҳар рӯзҳои истироҳат баргузор мешаванду иловатан ба маҳсулоти кишоварзии деҳқонон: тухму гӯшт, моҳӣ, равған, орду шакар, шириниҳо, маҳсулоти гуногуни нониву гӯштӣ бо нархи арзон  манзур мешаванд. 
Дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар маркази он шаҳри Хуҷанд,  хушбахтона, ин ярмарка дар сатҳи хеле баланд бо ҷалби васеи  истеҳсолкунандагон, кишоварзон дар муҳити идона ҷараён мегираду ҳамеша зери назари   раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.
Бино ба иттилои муовини сардори Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода, дар 11 моҳи соли равон дар шаҳрҳои саноатии вилоят 41 маротиба чунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуда, ба аҳолӣ зиёда аз 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти ғизоӣ  бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд. Ҳамзамон, бо иштироки  деқонони суғдӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе низ 20 маротиба чунин ярмарка бо пешниҳоди наздик 400 тонна маҳсулоти ғизоӣ баргузор гардид.
Дар ин шабу рӯзҳо, бо наздикшавии фасли сармои зимистон боз дар шаҳри Хуҷанд, маҳалҳои он, шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол  доиршавии намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо номгӯи зиёди анвои  ғизоӣ  дар назар аст.                                                                                                                                            

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив