ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗМУНҲОИ “ҶУМҲУРИЯТ” ОМӮЗАНДААНД

ОЗМУНҲОИ “ҶУМҲУРИЯТ” ОМӮЗАНДААНД

14 ноябр 2023, Сешанбе
56
0

 
Мо дар бораи дигарон бисёр менависем, дар бораи онҳое, ки ҳақиқатан арзиши навиштан доранд, вале барои худамон хеле кам дасти қалам мегирем. Дуруст, ки дар рӯзи матбуот - иди касбиамон, андак-андак аз ману мо ёд мекунанд. Бандаи камтарин дар ин андешаам, ки наход чанд сатре дар сифати иқдомоти наҷиби “Ҷумҳурият” – 
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштан мумкин набошад?
Бемуҳобо, дар 7-8 соли охир мазмуну мундариҷаи “Ҷумҳурият” куллан дигар шуд. Ҳамчун рӯзноманигори собиқадор инро ба мушоҳида гирифтам, ки “Шоми шанбе”, ба мисол, падидаи нодир аст, ки хонандаи доимӣ дорад. Ба идораи нашрия даъват кардани шахсиятҳои намоёни ҷумҳурӣ ва пешкаши хонандаҳои рӯзнома гардондани андешаҳои ҷолиби онҳо, инчунин, ташкили сафарҳои эҷодию фароғатии кормандон ба ҷойҳои таърихию фарҳангӣ бо ташаббуси роҳбарияти рӯзнома сурат гирифтаанд. Чаро эътироф накунем, ки матни суҳбати рӯзнома бо академик Кароматулло Олимов, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, профессор Аламхон Кӯчаров ва дигарон хеле ҷолиб ва хонданӣ буд.
Манзури мо дар мавриди озмунҳои чашмрас ва фарогири “Ҷумҳурият”, ки дар сатҳи хеле баланд, бо натиҷаҳои ҷолиби эҷодкорӣ ва ташкилӣ мегузаранд, чанд сатр навиштан аст. Озмунҳои “Ҷумҳурият” моҳияти илмӣ, таърихӣ ва аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ доранд. Махсусияти озмунҳо, пеш аз ҳама, он аст, ки чеҳраҳои барҷастаи миллӣ, арбобони давлатию ҷамъиятиро пеши назари сокинони кишвар рӯшантар нишон медиҳанд. Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯи хизматҳои таърихиашон ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон соҳиб гардидаанд, аз минбари “Ҷумҳурият” шукӯҳу ҷалоли наву тоза ёфтанд. Тавре медонем, муаллифони матолиб бо садоқату муҳаббат ба қаҳрамонони миллӣ кору пайкори онҳоро ба қалам медиҳанд ва ба ин васила ҳиссиёти сокинони кишварро нисбат ба Ватани азиз бедор менамоянд. 
Озмунҳо яке аз дигаре рангинтару ҷолибтар баргузор гардиданд. Ҳузури роҳбарони аввали мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба аҳли эҷод тобишу ҷило, мазмуну муҳтаво ва шукӯҳи озмунҳоро дучанд боло мебардорад. Ва бояд гуфт, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои “Ҷумҳурият” сазовори таҳсин аст. Ҳамин гуна ғамхорӣ ба нашрияҳои маҳаллӣ зоҳир карда мешуд, нуран алонур мебуд.
Шаш озмун дар вилояти Суғд бо шукӯҳу тантанаи мондагор барпо гардид. Мо ба ҷараёни баргузории ҷамъбасти озмунҳо дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти устод Садриддин Айнӣ, дар шаҳри Бобоҷон Ғафуров бахшида ба бузургдошти аллома  Бобоҷон  Ғафуров,  дар  шаҳри Хуҷанди бостон бахшида ба шеъри кӯдакон, дар Панҷакент бахшида ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавассути худи “Ҷумҳурият” ошно шудем. Тантанаҳои ҷамъбастӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо гардиданд. 
Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, хусусан раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, нисбат ба рӯзноманигорон, хосса ҳайати эҷодии “Ҷумҳурият” эҳтиром дорад. Ҳаминро ҳам зикр кардан мехоҳам, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудани ташаббусҳои нашрия сатҳу сифати озмунҳоро дучанд боло мебардорад. 
Ба озмуни “Дуои модар”, ки аз 5-уми октябри соли 2022 то 25-уми августи соли 2023 идома дошт, беш аз 500 матлаб дар жанрҳои гуногун пешниҳод гардида, 200-тои он дар “Ҷумҳурият” ба табъ расид. Яке аз матолиб, ки дар қолаби назм ҷой дода шуд, ба қалами банда дахл дошт. Қаблан дар озмуни “Беҳтарин шеъри бачагона” низ иштирок кардам. Ба ростӣ, кас хурсанд мешавад, вақте ки нақши қаламашро дар бонуфузтарин Нашрияи Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” мебинад. 
 “Ҷумҳурият” дар саргаҳи эътимоду эътиқоди сиёсати Президенти Тоҷикистон қарор дошта, музаффариятҳои даврони истиқлолиятро ба таври густурда инъикос менамояд. Ба навиштаам бо ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки дар рӯзи ҷамъбасти озмуни “Дуои модар” дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостон изҳор кард, иктифо мекунам: “Имрӯз иқдомҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” омӯзанда ва боиси пайравианд.” 
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив