ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АЗ ҲИКОЯТҲОИ РУСТО»

«АЗ ҲИКОЯТҲОИ РУСТО»

14 ноябр 2023, Сешанбе
18
0
Нависандагони бузург, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Василий Шукшин ва бисёр дигарон, вақте ки аз русто ба шаҳр кӯчиданд, бо гузашти чанд муддат, ҳаёти дар деҳот гузарондаашонро ба ёд оварда, ҳикоя, қисса, повест, роман ва ёддоштҳо навиштаанд, ки басо хотирмонанд. Махсусан, ҳикояҳои устод Садриддин Айнӣ аз ҳаёти мардуми Соктаре барои насли наврасу ҷавони кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз ҳам мубрам ва ҷолибу пандомезанд. Дар ин масир, адиби сермаҳсул, муаллифи зиёда аз 40 филми бадеию ҳуҷҷатӣ Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), ки асарҳояш бо чил забони дунё ба нашр расидаанд, маҷмуаи ҳикояҳои навашро дар як ҷилд омода намуда, «Аз ҳикоятҳои русто» номидааст, ки воқеан, ба гуфти Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, маҷмуаи навэҷод «бӯи чапотӣ дорад». 
Маҷмуа аз ҳикояҳои «Меҳрнигор», «Мурғи ғалаба магар ду бол надошт?», «Зане, ки як пояш мелангид», «Ақоиди як мард доир ба манмании ҷавонон», «Мӯйсафед»,  «Се насиҳати падар», «Фаҳмо буду нофаҳмо», «Дидор», «Барги сабз туҳфаи дарвеш», «Андешаҳо аз дили русто» ва ғайра мураттаб гашта, асосан, дар ситоиши меҳандӯстӣ, инсон будан, ишқу муҳаббати самимонаи ҷавонони рустоӣ, ҷавонмардии кӯҳистониён ва амсоли чунин мавзуъҳои муҳим эҷод гаштаанд.  Масалан, объекти тасвири бадеии ҳикояи «Мурғи ғалаба магар ду бол надошт?» дар диди нахуст одӣ   менамояд, аммо, вақте ки ба муҳтавои он бо нигоҳи наву вижа назар афканед, жарф андеша ронед, ҳикмати матлаби нависандаро дарк хоҳед кард. Яъне, аз муколамаи ду нафар, яке иштирокдори ҷабҳа, дигаре заҳматкаши ақибгоҳ, падид меояд, ки дар роҳи басо пуршебу фарози ба даст овардани зафар саҳми деҳқонони хокпошу коргарони дастонашон пуробилаи коргоҳҳо аз ҷанговарон кам набуд. Танҳо хоксории онҳое, ки дар ақибгоҳ барои ғалаба бар гитлерчиён заминаи мустаҳкам гузоштанд, намегузорад, ки бо даҳони пуркафк даст ба сандуқи сина зада бигӯянд: «Ман бо дастони ҳузарбам ғалабаро бар фашизм таъмин кардам!». Не, намегӯяд, балки оромона мефаҳмонад, ки дар ғалабаи таърихӣ саҳми ҳам сарбозон ва ҳам коргару деҳқонон, зиёиёну олимон, яъне ҳам фронту ҳам ақибгоҳ яксон аст, зеро паранда бо ду бол мепарад, парандаи якбола ба ҷое намерасад, яъне аз дасти танҳо ҷанговарон бе дастгирии ақибгоҳи мустаҳкам коре намеомад. 
Дигар ҳикояҳои маҷмуа низ дорои чунин маъниҳои бикру зиндагисозанд, ки мутолаашон аз манфиат холӣ нест, махсусан барои ҷавонони сабақомӯз. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив